Зарба ба “Чашму гӯши халқ”. Сармақолаи “Нигоҳ”

"Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳо ва падидаҳои зараровар раҳо карда метавонад".

Эмомалӣ РАҲМОН

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар садади ворид кардани тағйиру иловаҳо Қонун "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма" мебошад. Қонуне, ки ба маҳдудшавии озодии баён дар кишвар равона шуда, боиси бастани 6-8 расонаи мустақили тоҷикӣ "чашму гӯши халқ" мегардад...

"Лоиҳаи зиддиконститутсионӣ"

Нуктаи аслӣ дар тарҳи пешниҳодии тағйирот дар қонуни мазкур аз он иборат, ки минбаъд прокуратура ва Вазорати фарҳанг ҳуқуқ пайдо мекунанд, нашру табъи ҳар расонаеро, ки аз нигоҳи онҳо қонуншиканӣ кардааст, боздорад. Тавре расонаҳо навиштанд, "агар дар мӯҳлати муайяншуда қонуншиканиҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералӣ ё прокурорҳои тобеи ӯ метавонанд ба мақоми ваколатдори баҳисобгирии ВАО дар хусуси боздоштани фаъолияти ВАО бо ариза муроҷиат намоянд. Дар ин маврид мақоми ваколатдори баҳисобгирии ВАО ҳуқуқ дорад, фаъолияти ВАО-ро ба мӯҳлати то 3 моҳ боздорад".

Гуфта мешавад, тарҳи мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Тарҳе, ки ба хеле аз ниҳодҳои дигари ҳукумати иҷроия низ басо писанд аст, чун маъмулан "қаҳрамон"-и асосии матолиби расонаҳои мустақил онҳоянду ба як занги телефонӣ "огоҳинома"-и вазоратро таъмин месозанд. Амалан, ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, ин "продседура" зиддиқонунист, зеро ТАРТИБИ СУДИИ боздошти фаъолияти расонаҳоро аз байн бурда, мақоми ваколатдори баҳисобгирии ВАО-ро ба мақоми муҷозотдиҳанда (!) табдил медиҳад. Тартиби судӣ, яъне тартиби ошкоро ва зери назари мардум. Тартиби мудавом, ки вақти мансабдори ғараздорро мегирад. Тартибе, ки мансабдорони камҳунар аз он ҳарос доранд. Ҳар нафаре, ки вориди корзори матбуотӣ аст, бе шубҳа муаллифи ин "абзори танзим" -ро мешиносад: Роҳбари Раёсати Табъу нашри вазорати фарҳанг Давлат Сафар, ки Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбековро мутақоид кардааст, то бо озодии баён дастбагиребон шавад. "Нигоҳ", ки дар пайи як тадқиқоти журналистӣ бо "Тоҷиксодиротбонк" мушкили тамдиди баҳисобгирӣ дошт, бархӯрди ин ду мансабдорро ба расонаҳои мустақил хуб медонад. Ҳамчунон онро, ки ҳар интиқоди ҷиддӣ ё фошкории "Нигоҳ" ҳадди аққал боиси занги ба интиқодшаванда мегардад, ки қиссаи дигар аст.

Бидуни ҳеч тардид ин амал ба ҷуз қадами бузурги ҳукумат барои маҳдуд кардани фаъолияти хабарнигориву журналистӣ ва расонаҳои мустақил дигар тафсире нахоҳад дошт, ки ба обрӯи ҳукумат латма ворид хоҳад кард ва ҳам оғози марҳилаи наве дар журналистика ва адабиёти тоҷик хоҳад шуд. Тағйирот ба қонуни мазкур амалан ба чанд расонаи мустақил, дақиқтараш 6-8 расона: "Азия плюс", "Озодӣ", "Озодагон", "Тоҷнюс", "СССР","Фараж", "Миллат", "СССР", "Авеста", "Нигоҳ" равона шудааст, ки бе ин ҳам бар асари буҳрони молиявӣ нафаси аксарашон дар тангно қарор дорад. Чун "Ҷумҳурият", "Садои мардум", "Минбари халқ", "Ҷавонони Тоҷикистон" ва ҳамчунин расонаҳои хиёбонӣ ҳич мушкили ҷиддие дар ҳисобгирӣ надоштаанду фаъолияти интиқодиву фошкориҳояшон боре ҳам боиси нигаронии мансабдорони Вазорати фарҳанг нашудааст.

Аз номи Ҳукумати кишвар ба Маҷлиси намояндагон равона кардани тарҳи ин тағйирот маънии онро дорад, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз муҳити расонаии кишвар, хоса бахши ҷамъиятиву сиёсии он, ки аз камтар 10-12 расонаи мустақилу хориҷӣ иборат аст, шинохти дуруст надорад.

Агар медошт, оё зарурате барои танзими иловагии "чашму гӯши халқ" аз ҷониби мансабдорони сатҳи миёна ва он ҳам ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ бе тартиби судиро ҳатто баррасӣ мекард? Дар ҳоле, ки амали зиддиконститутсионист.

Феномени матбуоти мустақили миллӣ

Матбуоти мустақили ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон ҳамқадами Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Дар ин 25 сол сол шикасту рехти зиёд дошт. Аммо таркиби кунунии он дар 10 соли ахир шакл гирифт. Даҳ сол пеш, то пайдо шудани "Миллат" (2005), "Нигоҳ" (2006) "Фараж" (соли 2006), "Озодагон" (2007), "СССР" (2008) 80 -85% -и теъдоди моҳонаи расонаҳои мустақили ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон ба забони ғайритоҷикӣ рӯи чоп меомаду то соли 2011 дар 50 гонаи серхонандатарин сомонаҳои интернетӣ ЯГОН сомонаи тоҷикӣ набуд.

Ҳоло вазъ дигар аст: расонаҳои тоҷикии мустақил афкорсозанду аз суханрониҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили 100 солагии матбуоти миллӣ бармеояд, ки аз ҳайъати Ҳукумати Тоҷикистон, ҳадди аққал президент инро медонад. Дар шароити феълӣ, ки бо сабабҳои маълум азҳоби мухолиф ба ҳошия рафтаанду ташаббус дар ҷомеаъи шаҳрвандӣ ба чашм намерасад, танҳо рӯсурхии Ҳукумати Тоҷикистон - озодии нисбии матбуот аст. Озодие, ки натиҷаи фаъолияти ҳамон чанд расонаи мустақили миллӣ ва 50-60 журналист аст! Ин расонаҳоянд, ки коршиносони байналмилалӣ ва дохилӣ аз феномени матбуоти мустақили тоҷик ҳарф мезананд.

Феномене, ки ҳадди аққал ду таркиби вежа дорад: нахуст ин, ки дар ҳич кишвари дигари ИДМ 99% расонаҳои мустақил аз ҷониби журналистон таъсис наёфтаанд, дувум ин ки расонаҳо нақши азҳоби сиёсиро иҷро карда, огоҳона аз қудратталабони мухталиф канораҷӯӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки ҷомеа расонаҳоро инъикосгар ва пуштибони ормонҳои милливу арзишҳои давлатдории тоҷикон шинохтааст. Дар Русияву Қазоқистон ва ҳатто Қирғизистони парлумонӣ аксарияти кулли  расонаҳо ба нерӯҳои сиёсӣ ва гуруҳҳои моливу саноатӣ ва олигархӣ тааллуқ доранд, дар мо баъзе соҳибрасонаҳо мустақилияти сиёсӣ ва молӣ доранд, ки ҷои ифтихор аст. Ҳол он ки бинобар НАДОНИСТАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ, НАШИНОХТАНИ МАНФИАТҲОИ ДАВЛАТӢ ва БЕАМАЛИИ мансабдорони соҳа, бозори расонаҳои тоҷик хусусияти монополӣ касб карда, расонаҳои мустақил дар шароити рақобати носолим фаъолият мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки шарти пойбарҷо будани расонаҳои мустақил ва таъмини озодии баён пеш аз ҳама маблағ аст.

Рақобати носолим бо Амрико

Ҳамкасбони гиромӣ аз радиои "Озодӣ" моро бубахшанд, аммо чун баҳс аз манофеи миллӣ меравад, кофист, ки нигоҳе ба буҷаи ин расона кунем. Вазорати корҳои хориҷии ИМА нимаи дуюми моҳи сентябри соли гузашта ҳисоботи солонаи дипломатияи мардумӣ ва расонаҳои хориҷиаш дар соли 2014 дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро расонаӣ кард. Тибқи он, Амрико барои буҷаи бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" дар соли 2014 беш аз 1 миллиону 603 ҳазор доллари ИМА ҷудо кардааст.

Барои пахши барномаҳо маблағи иловагӣ дар ҳудуди 80 ҳазор доллар пардохт мешавад. Ин расона дар як ҳафта 22,7 соат барномаи радиоӣ дошта, сомона ва барномаҳои видеоӣ низ пахш мекунад. Дар пахши бисёррасонаӣ муваффақтарин маҳсуб мешавад. 1 млн. 603 ҳазор барои истеҳсолу пахши 12- 12, 5 ҳазор воҳиди хабарӣ. Яъне барои ҳар моли хабарӣ 133, 6 доллар ё 1200 сомонӣ (!) масраф мекунад. Ин ҳам дар баробари 29 -30 сомонии муваффақтарин расонаҳои тоҷикӣ - "Озодагон"-у "Тоҷнюс", ки ҳар кадоме солона 12-13 ҳазор воҳиди хабарӣ пахш мекунанд.

Буҷаи солонаи "Озодӣ" аз буҷаи умумии "Ховар", "Озодагон", Ожонси "Азия плюс", "Авеста" ва Тоҷнюс 4 маротиба (!) зиёдтар асту ба истилоҳи иқтисодӣ ин расона беш аз 70 дарсади бозори истеҳсолу паҳн кардани ахбори Тоҷикистонро зери контрол дорад. Амалан, сухан аз зери по кардани Консепсияи амнияти иттилоотии Тоҷикистон ва қонунгузории зиддиинҳисории Тоҷикистону худи ИМА меравад, аммо Вазорати фарҳанг ва масъулини дигари ҳукумат инро нодида мегиранд, ё донишу салоҳияташон барои дарки ин равандҳо кифоя нест.

Оё сомонаҳои "Миллат", "Фараж" ва "СССР" метавонанд ҳадди аққал 10 %-и буҷаи "Озодӣ"-ро барои рушди бисёррасонаӣ - тренди асосии бозори расонаӣ дошта бошанд? Наметавонанд, зеро муассис ва хонандаҳояшон тавони пардохт ё сармоягузории 160 ҳазор долларро ба бозоре, ки дар он тақрибан реклама ва моли пулакӣ мавҷуд нест, надоранд. Мутаасифона, надоранд.

"Озодӣ" моли хабарии фурӯшӣ надорад. Худ харидори мағзҳои тоҷикист. Рақобати бозорӣ бо он номумкин аст. Вале 6-8 расонаи мустақили тоҷик талош доранд ва ҷойгоҳ касб мекунанд, инҷумла дар бахши аз нигоҳи иқтисодӣ ва техноложӣ мураккаб - расонаҳои интернетӣ. Ин ҳама қиссаи такя ба арзишҳои миллӣ асту садоқат ба касб. Қаҳрамонии миллист. На чизе каму на чизе зиёд.

Аммо дар баробари онҳо нақши расонаҳои ҳукуматӣ дар интернет ба сирф баробар аст. Бахши фарҳангияш, ки кирои гап надорад. Гӯиё интернет фарҳанги тоҷикро талоқ карда бошад. Ҳеч талоше аз ҷониби расонаҳои давлатӣ барои ҷой ёфтан дар интернет эҳсос намешавад.

Ҳамин аст, ки "паҳнсозии" матолиби "Озодӣ" дар бахши тоҷикии интернет, хоса шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби корбарон кори маъмулӣ асту "Одноклассники" ва "Фейсбук" ҷавлонгоҳи радикалҳои мазҳабӣ гаштааст. Вежагии бахшҳои тоҷикистонии ин шабакаҳо ҳам дар чанд моҳи ахир тафриқа шудааст. Аммо масъулини зирабти ҳукумат ба ҷои чораҷӯӣ аз сиёсати тафриқа кор гирифта, дар бозори матбуот рақобати носолими офаридаи амрикоиҳо ва русҳоро ба таври системанок ҷонибдорӣ мекунанд.

Тафриқаи ҳукуматӣ

Ин кор ҳатто ба сатҳи давлатӣ бароварда шудааст. Нашрияи №1-и Ҳукумати Тоҷикистон - "Ҷумҳурият" нисбат ба дигар расонаҳои чопии давлативу хусусӣ аз нигоҳи молӣ таъминтар аст. Аз буҷааш ҳамкасбон бо "Нигоҳ" суҳбат кардан нахостанд, аммо маълум аст, ки бо тиражи 37,5 ҳазор ба табъ мерасад. Нархи обуна барои як сол 176 сомонӣ. Обунаи аз ҳама гарон дар кишвар, чун ҳафтае 5 маротиба чоп мешавад. Тибқи ҳисоби одии арифметикӣ, агар ин нашрия 35 ҳазор обуначӣ дошта бошад, пас танҳо аз обуна 6 млн. 160 ҳазор сомонӣ буҷа дорад. Ин рақам ба ҷуз даромад аз таблиғу реклом, ки дар саҳифаҳои нашрия чоп мешавад ва маблағе, ки аз буҷаи давлат ҷудо мешавад.

Дигар нашрияҳои расмӣ низ бо истифода аз обунаи маҷбурӣ аз ин ҳисоб даромади ҳангуфте доранд. Чаро обунаи маҷбурӣ? Чун бо мактуби махсуси Дастгоҳи иҷроияи Президент тамоми ниҳоду идораҳо муваззафанд, ки обуна шаванд.

Нашрияи Маҷлиси Олӣ бо 31,5 ҳазор тираж нархи обунааш 144 сомонӣ аст. Ё нашрияи ҳизбии ҲХДТ "Минбари халқ", ки бузургтарин тиражро дар кишвар дорад 52 ҳазор нархи обунааш 90 сомонӣ мебошад.

Бо ин ҳама дастгирии давлатӣ, ҳукумат дар бораи афкорофарии ин расонаҳо таҳқиқоте анҷом надодааст. Аммо ҳамин ҳам бас аст, ки донем: ҳиҷ кадоме аз онҳо баробари камтеъдодтарин нашрияи мустақил дар бозори озод фурӯш надоранд!

Сомонаҳои ҳич кадомашон ҳатто ба 20-гонаи маъруфтаринҳои Тоҷнет шомил нест!

Акнун, хонандаи арҷманд, худ бигӯед, ки аз маблағҳои буҷа ва мақомоту идора ва корхонаҳои буҷавӣ, яъне аз маблағҳои мову шумо маблағгузорӣ кардани як гуруҳ расонаҳо, ки дар бозори озоди матбуот боиси рақобати носолим мегардад, тафриқаандозӣ нест? Дар баробари сиёсати бегонагон, ки ба забти муҳити иттилотии Тоҷикистон равон шудааст, ин амал чӣ аст?

Дар миёни обу оташ қарор додани 5-6 расонаи мустақил, ки бо ҳама душворӣ кӯшиши фазосозӣ доранд...

Дар миёни обу оташ

Буҷаи расонаҳои мустақили тоҷик бо расонаҳои хориҷӣ ва бо расонаҳои ҳукумативу наздик ба ҳукумат муқоисанашаванда аст. Дар ду соли ахир вазъи онҳо боз ҳам бадтар шудааст. Тиражи ин нашрияҳо агар солҳое пеш аз 4 ҳазор болову то ба 15 ҳазор мерасид, ҳоло 1 ҳазор то 5 ҳазор дакка мехӯрад. Барои ҷалби обуна ва хонандагон дар даст мактуби расмие надоранд, масъули алоҳидае ба ин кор муваззаф нест. Дар андозбандӣ имтиёзе надоранд. Буҷаи ҳар яки ин нашрияҳо шояд боло аз 40 ҳазор доллар ҳам набошад. Буҷаи расонаҳои интернетӣ шояд чизе зиёдтар аз ин. Тақрибан ҳамаашон теъдоди кормандонашонро аз 20 то 50 % коҳиш додаанд. Фонди музди меҳнаташон аз 10 то 30 % поин бурда шудааст. Дастрасияшон ба иттилоот дар пайи дигар шудани вазъи сиёсӣ дар кишвар маҳдуд гашта, ҳифзи ҳуқуқияшон заъиф аст. Барномаҳои рушди ин расонаҳо мавқуф гузошта шудааст. Тақрибан ҳич кадомашон барои рушди бисёррасонаӣ дар Тоҷнет сармоя надоранд....

Аммо ҳамоно "чашму гӯши халқи тоҷиканд". Ҳарфи дили мардумро мегӯянд, аз манфиатҳои милливу давлатӣ ҳифз мекунанд, ба амалкарди ҳукумат вокуниш нишон медиҳанд. Гоҳе ҳам барои поин бурдани шиддати иҷтимоӣ ба давлат ва ҳукумат хидмати беминнат мекунанд. Ҳамчунин фаъолият на барои ҳама писанд аст, хоса онҳое, ки тафаккури давлатӣ надоранду фикр мекунанд, барҳам задани институтҳои тоҷикӣ кори сода аст. Онҳое, ки дар либоси дӯст амали хасмона мекунанд.

Қадаме ба "журналистикаи муқовимат"?

Мансабпарварону кеҳтарбинон дар ҳама давру замона ва дар ҳама ҳукуматҳо ҳастанд. Онҳо синфи хосаанд, ки "дар канори уқёнуси Ҳинд ҳам дар ҳавзчаи пешоби худ оббозӣ мекунанд. Онҳоянд, ки контурҳои журналистикаи муқовиматро, ки дар 4 -5 моҳи ахир дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳоли шакл гирифтан аст, намебинанд. Хатари онро ба субот эҳсос намекунанд.

Агар Ҳукумати Тоҷикистон ҳушёрии сиёсиро аз даст диҳаду тарҳи пешниҳодкардаи онҳо пиёда шавад, расонаҳои мустақил осебпазир хоҳанд шуд. Фишор болои онҳо хоҳад афзуд. Фишор болои онҳое, ки солҳо боз бо диду нигоҳи дигар дар хидмати ҷомеа ва миллатанд. Дар пайи он журналистикаи бози имрӯза, ки дар саҳифаҳои расонаҳои мустақил ба чашм мерасад, ҷояшро ба журналистикаи муқовимат ва пинҳонкор иваз мекунад.

Журналистикаи муқовимат ҳамеша ба адабиёти муқовимат ҳампаҳлӯ аст. Эҷоди ҳамчунин фазо ва тела кардани 50 -60 журналисту адиб ба ин роҳ натиҷаи таассуфбор хоҳад дошт ва зарбаи ҷонкоҳест ба тани ваҳдати миллӣ ва субот, ки ҳар яки мо бояд онро мисли гавҳараки чашм ҳифз кунем. Ин ҳадафи воло заҳматталаб аст.

Ҳоло ҷомеаи журналистии кишвар, зиёиёни мӯътабар, масъулини зиратби ҳукумат, хоса ёвари президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва парлумони кишварро зарур аст, ки талош варзанд, то ин тарҳи аз дурандешӣ дур амалӣ нагардад. Дар ин вазъу дар ин масоили ҳассос даркушоӣ бояд кард, на дарбандӣ, аз ҳамкорӣ бояд гуфт, на аз фишор, аз манфиатҳои давлатӣ бояд ҳимоят карда, на аз манофеъи гуруҳӣ.

“Нигоҳ”

бознашр аз “Нигоҳ” №43 (476). Чоршанбе, 26-уми январи соли 2016

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Аз пули Озодиро хисоб кардан муйи саратон рехт неки. Ба ҷойи ҳар сенти Озидиро шумурдан вактатонро ба навиштани мавзухои ҷолибтар сарф кунед бехтар аст.
Az yak maqolai kalon faqat chashmat ba mablagi Ozodi rasid???? Agar hukumat zurash narasad radioi zur misli ozodi sozad boyad inhoro az Tojikiston berun kunad. Hama baroi Central Intelligence Agency (CIA)-i USA kor mekunand!
дар ягон вакту замон ягон Хукумат бо пиёда намудани чунун амал муввафак нашуда буданд ва нахоханд шуд.Хуб мешуд парлумони мо, вакти худро ба хар тархи бемаъни ва бемантик сарф накарда , барои риоя нагардидан карори 622 ,ки аз тарафи президен Рахмон бароварда шудааст чорахои иловаги ва зарури мегирифтанд. Имруз пушида нест,ки дар шароити кунунии Точикистон натанхо натанхо конуни ВАО балки карорхои президент низ аз мади масъулин дуууур мондааст.
Ин зарбаи дуввум ба чомеаи мадани бади бастани ахзоби сийос(нахзат)и ва касод кардани кори он(социалдемократия) буд ки дигар касе пишакашлна пишт намега, ин баркарор кардани султаи шурави дар Точикистон бо номи давлати демократи
Мо як гурух мухочирони кори дар Русия,танхо ба сомонахои расонахои мусмакил ворид мешавем.Сомонаи ТУРАЧОН СОМ барои мо хеле мухим буд,Дар он Куръон мехондем,ба саволхоямон чавоб меёфтем.Дар пайи он расонахои мустакилро банданд,мо чи кор мекунем? "Паём нет",АНСТ ва ЗЕЛЛО-ро бояд истифода кунем?
При чем тут Озоди?? Баҳонаи занаки гузинӣ нони ҷавӣ! Шумо миллион хам дошта бошед ба хабарнигорои бечора намедихед. Мушкил хамин аст. Мухарирхо хонаву мошинҳои шик нахареду пулро бо хамкоротонатон тақсим кунед, ана баъд мебинед, гул-гул шукуфии матбуоти мустақила!
Маколаи бад не, лекин афсус, агар лоихаи тагйирот ба конуни номбурда пешниход шуда бошад, вайро хатман то тобистони имсола кабул мекунанд. Мисли конун аз болои ташкилотхои чамъияти, дар бораи адвакатура. Дар авали солхои 2000 як ду газетахои мустакил хам буданд, агар хато накунам номи яктоаш "Рузи нав" буд. Ана аз онхо хату хабаре намонд. Рузномаи "Имрузnews" хам тамом кард. Хол он, ки вай моли Ориёно медиа буд, а Ориёно медиа аз Ориёнбонк аст.
Бояд дасгири шавад ин хел рузномахои ба мисли "нигох"-ро !
Маколаи хуб, аммо ба "боло" хуш намеояд. Ба муаллиф эроди бародарона: дар макола ибораи азхоби сиёси истифода шудааст. Шакли дурусташ ахзоби сиёси аст, яъне хизбхои сиёси. Хизб калимаи араби аст, шакли чамъаш ахзоб. Монанди хамин хабар-ахбор, амал-аъмол, араб-аъроб,ва гайра.
Ин як шармандаги аст!!! Ягона максади эшон танхо мухр задан ба дахони журналистон аст, аммо ин шо Аллох бо ин максади хеш асло намерасанд . зеро ин баръакс ба зарари онхо хохад буд , бештари мушкилотхое ки дар телевизионхои мо гуфта намешавад дар матбуот хусусан дар нашрияхои гайрихукумати халли худро меёбанд ва хама инро хуб медонанд.. Дар Точикистон журналистикаи хакики махз дар матбуоти гайрихукумати аст... Бастани ин гуна нашрияхои "часур" ин як зарбаи шадид ба афкори чомеа аст зеро он нашрияхои хукуматиро ба чуз аз коргарони худи хукумат дигар ягон нафар намехонад чун ба чуз аз таърифу тавсиф ягон маводи чолиб надоранд
Олимчон Салимов бояд шарм дорад аз журналистон ((((

Шояд шумо суол ё назаре доред?