Журналист Санҷар Ҳошимӣ 15 октябри соли 1990 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷекат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №35 ба номи Бозор Шарифови ҳамин деҳа гирифта, пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил озими...
Зери чархи тепловоз мондани зани 54-сола
Интишор шуд: 29 июня, 2016 - 11:04

Тепловози тамғаи “ТЭМ-2 4143” ҳангоми ҳаракат дар километри 46-63-и хати роҳи оҳани шаҳри Душанбе-Пахтаобод, дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор зани 54-солаи сокини ин ноҳияро пахш намудааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодиса 28 июни соли ҷорӣ, тахминан соати 03:55-дақиқа рух додааст.
“Тепловози мазкур таҳти идораи марди 58-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе будааст.
Ба иттилои мманбаъ, зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Шояд шумо суол ё назаре доред?