Зидди сонсур: Номаи саргушодаи Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависҳои тоҷик ба президент

 Бек Сабурӣ

 Ҷаноби президент!

 Бекор кардани қарори ғайриқонунии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон – ниҳоди тобеъи Раиси Ҳукумати Тоҷикистон – барои афзоиши ҳазинаи хидматрасонии дастрасӣ ба Интернети мобилӣ ва алоқаи барқӣ, ки дар таърихи даҳҳазорсолаи навишташудаи башар назир надошт, сутуданист.

 Аз Шумо барои ин иқдом сипосгузорам. Воқеъан, миллионҳо шаҳрванди кишвар интизори бозбинии ин қарор буданд.  Ғайриинтизор танҳо таъйини раҳбари собиқи ин ниҳод ба мансаби дар низоми сиёсии ҷорӣ болотар буду бас. Аммо барои ҳадафи ин мактуб ин паҳлӯи кор муҳим нест.

 Ягона ҳадафи ман аз навиштани ин нома наҷот додани як соҳаи басо муҳими иқтисоди кишвар бо кумаки Шумо мебошад. Хидмати Шумо арз кунам, ки соҳаи иттилоот ва иртиботот барои ман бегона нест.

 Ман ҳамчун корбари ҳушёр, раҳбари тими хабаррасон, таҳиягари хадамоти гуногуни мониторинги соҳавӣ ва муассиси созмони мушовири ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва афкорсозе, ки мавриди таваҷҷуҳи тимҳои бозорёбии ҳар яке аз чор ширкати мобилӣ будам, бо ин соҳа то ҷое ошноӣ дорам.

 Мушкилоти аслии онро ташхис додаам, дар ин бора зиёд навиштаам ва ба ҳайси идории касбӣ дар ҷустуҷӯи роҳҳалҳои он будаам.  Чунончи, то ташкили Раёсати андозсупорандагони бузурги Кумитаи андоз, замоне, ки ширкатҳои мобилӣ ба будҷаи шаҳри Душанбе андоз месупурданд, танхо як суханронӣ кифоя буд, ки рӯзи дигар дар ҳузури муовини аввали раиси шаҳр ҷаласа баргузор шавад ва ширкатҳои мобилӣ ғайримустақим эътироф кунанд, ки аз низоми ғайрирасмии зангҳои вурудии байнулмилалӣ истифода мебаранд. Раиси пешини шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ва вакилони  Маҷлиси халқи Душанбе ин қазияро дар хотир доранд. Хулласи калом, як мавзеъгирии шаҳрвандӣ боис шуд, ки он сол будҷаи рӯ ба мушкили пойтахт барзиёд иҷро гардад. Сабаби аз пойтахт ба будҷаи кишвар гузаронидани ширкатҳои мобилӣ ба шумо возеҳтар аст. 

Ҳамчунон, ки барои аксари коршиносон сабабҳои аслии буҳрони соҳаи алоқа рӯшан мебошанд, аммо ба назар мерасад, ки ҷузъияти ҳалкунандаи он аз назари раёсати ҳукумат дур мондаанд.

  Иҷозат диҳед бардоштҳои як пажӯҳиши журналистиро дар ин бора ба шумо ва мақомот ироа намоям, то “муй аз хамир ҷудо гардад” ва мудирияти минбаъдаи соҳа самаранок ба роҳ монда шавад:

1. Нахуст бояд Шумо бидонед, ки раиси кунунии Хадамоти алоқа Бек Сабурӣ бо харҷи 300 ҳазор доллар ин мансабро ба даст овардааст. Маблағро ӯ аз тоҷири маъруф ва ватанпарвар Диловар Муҳиддинов аз Маскав гирифтааст. Ахирӣ ин иттилоъро таъйид мекунад. Корномаи маскавии Бек Сабуриро низ мо таҳқиқ карда, филмномае барои таҳияи як филми мустанад дар даст дорем ва омодаем онро дар ихтиёри Кумитаи телевизион ва радиои кишвар вогузор намоем;

2.  Руёнидани пора дар шаклҳои гуногун аз ширкатҳои мобилӣ аз вежагиҳои кори Бек Сабурӣ мебошад. Ҳанӯз аз оғози кораш ӯ талаби пардохтҳои мунтазам аз „чоргонаи GSM“-ро пеш оварда, хати нуриву нахи як ширкати мобилиро дар ҳудуди ҶС “Тоҷиктелеком” бо табар бурида буд. Ин қазия миёни коршиносони бахши иртиботот бо номи “Амалиёти Аъзам-табар” машҳур мебошад, ки бо пардохти 400 ҳазор доллар ҳалли худро ёфта буд;

3. Қазияи пулситонии Бек Сабурӣ тавассути роҳандозии иҷбории зангҳои телефонии байнулмилалӣ тавассути ҶС “Тоҷиктелеком”, ки муттассифона бо қарори зирабти ҳукумат ҷиҳати 20 миллион дақиқа зангҳо пиёда шуд, пушти парда пардохти 0,02 сомонӣ/дақиқа барои тақрибан 20 миллион дақиқа зангҳои дигарро низ дошт. Ба манфиати шахсии ӯ, албатта. Бояд ёдовар шуд, ки он замон то 80 % даромади ширкатҳои мобилиро зангҳои вурудӣ аз ҷамъи зангҳои байнулмилалӣ ташкил медоданд.

4. Бархилофи талаботи қонунгузорӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани Бек Сабуриву  худро “хонасози арзонфурӯш”  хонданаш, ҳамчунин қиссаи хариди маҷмааи савдои “Ситора” дар пойтахт аз ҷониби ӯ низ вирди забонҳосту мавриди хандахариши мардумони огоҳ. Шояд танҳо аз Шумо ин иттилоъро пинҳон медоранд ё ба шеваи дигар тасвир мекунанд. Аммо мутмаин бошед, ки дар асри 21 дигар намешавад ҳич чизи барои мардум муҳимро пинҳон кард. Хоса дар пасманзари ҳаводиси Арманистону Укроин ва тағйири наслҳои ҳукмрон;

5. Бек Сабурӣ саводи кофӣ барои як таҳсилкардаи макотиби олиро надорад, забони давлатӣ ва одоби хидматгузори давлатиро намедонад, фаъолияти раҳбарияш дар ин ниҳод бар зарари будҷаи кишвар ва имиҷи давлати Тоҷикистон мебошад.
 Аз замоне, ки ӯ раҳбари Хадамот шуд, даромади соҳа ду маротиба кам шуда, аз 540  миллион доллари соли 2013 ба 270 миллион доллари соли гузашта поин фуромад;

6. Пушти тарҳи Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ низ манфиатҳои шахсии Бек Сабурӣ меистанд, ки имконияти аз берун харидани трофики Интернетро барои ширкатҳои мобилӣ маҳдуд карда, гарон шудани нархи хидматрасониро дар пай дошт. Ин ширкат трофикро бо нархи 15-17 долларӣ аз хориҷ харида, онро бо фоидаи 200 дарсадӣ инҳисорӣ мефурӯшад, ки амали ғайриқонунӣ аст, вале онро «ҷомаи амниятӣ пӯшонидаанд»;
7. Талошҳои Бек Сабурӣ буд, ки қарори бо шиносномаҳои намунаи нав харидани сим-кортҳо содир шуда, хафви воқеъии таркиши иҷтимоиро ба вуҷуд овардааст. Мусаллам аст, ки  ҳудуди 80 маркази шиносномадиҳии кишвар тавони таъмини беш аз 2,5 миллион муштариро надоранд.

 Шубҳае нест, ки ин ҳама мушкилот аз камсалоҳиятӣ  ва ноуҳдабароии Бек Сабурӣ аст.
Натиҷаи амал ва беамалии ӯ буд, ки маблағи тақрибан баробар ба сеяки будҷаи лозим барои бунёди НБО “Роғун” барбод рафт.  Аммо ҳанӯз ҳам сари мансаб асту дар даҳ сол тавонистааст, ки панҷ маротиба (!) бо хешовандони шумову худи Шумо қудо гардад, ки боиси тааҷҷуб аст. На, ман ба ишқи ҷавонон эҳтиром қоилам, аммо даҳ ошиқу маъшуқ аз як дудмонро мағзам бе шакку шубҳа қабул намекунад.

 Ин чанд мисоли рӯшан аз  “корномаи” Бек Сабурӣ буданд, ки барои тасвири вазъи воқеъӣ  овардам, вале ӯ ягона омили бесарусомонӣ дар соҳа нест.
 Умедворам дар ёд доред, ки тибқи супориши мустақими Шумо роҳбари вақти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Давлаталӣ Саид мебояд бо раҳбарони ширкатҳои мобилӣ дидор карда, ҷиҳати ҷалби онҳо ба маъракаи ҷамъоварии маблағ барои сохтмони НБО Роғун “корҳои фаҳмондадиҳӣ” мебурд. 
 Ман чун шарики кории як ширкати мобилӣ аз ин дидор хабар доштам. Он рӯз ба раҳбарони ширкатҳои мобилӣ расонида шуд, ки мебояд ба маблағи панҷ миллиондолларӣ саҳмияҳои нерӯгоҳро бихаранд. Раҳбарони кордон бе ҷавоби мушаххас аз он мулоқот берун шуданд ва тимҳои  худро ҷамъ оварданд то машварат биороянд. Оростанд. Рискҳоро баркашиданд. Маслиҳат шуд, ки ҳама баробар саҳм мегиранд, аммо баъди даъвати дуюм ва каме исрори Давлаталӣ Саид. Аммо ҳич кадоме аз онҳоро дигар даъват накарданд. Баръакс, аз болои онҳо ба шумо шикоят бурданд, касонеро ҳам сиёҳном карданд. Бо кадом мақсад танҳо мешавад ҳадс зад ё санҷиш гузаронд.
 Дере нагузашта вокуниши Шумо дар шакли манъи пахши реклому огоҳиномаҳои ин ширкатҳо дар телевизиони миллӣ, маъракаи таблиғотии зидди “зарари алоқаи мобилӣ” ва ғ.ҳ. рӯи садҳо гузоришҳои корӣ ва феҳристи рискхои идоранашавандаи бозори алоқаи мобилӣ барои даҳ сол (!) ҷой ёфт. Се соли аввал суҳбате бо сафирону намояндаҳои ҳайъатҳои хориҷӣ набуд, ки аз ин қазия напурсанд. Пасон ҳама одат карданд.

 Дар ҳавои ҳамин хоста ин ширкатҳоро ба маблағи на камтар аз 50-60 миллион долларӣ (!) ҷарима бастанду соҳа аз рушд монд. Фасод вежагии аслии он гашту Бек Сабуриро “беки алоқа” кард.

Акнун барои насби як пойгаҳи алоқа ва ҳатто хариди таҷҳизоти хурд барои ширкат бо ӯ муомила мекунанд. Ин ширкатҳо “мусичаи бегуноҳ” нестанд.
 Дар мушкилтарин вазъ ҳам даромад мегиранд, аз фасодзадагии низом суистифода мекунанд, ки назираш ҳамон имзои протоколи фошкардани Хадамоти матбуотии президент дар бораи сим-кортҳои 250 сомонӣ ва пардохти иҷбории 25 сомонӣ дар паи амалӣ кардани қарори ахири Хадамоти зиддиинҳисорӣ мебошад. Даромади 200 миллиондолларӣ доранд, аммо солона ду сад ҳазор доллар ҳам барои тавсеъаи забони давлатӣ харҷ намекунанд, балки аз харобкорони муҳити забонӣ маҳсуб мешаванд. Барои дарки ин воқеъият коршиноси аршад будан шарт нест. Вале боз ҳам онҳо мазлуманду чунин вазъ дар соҳа наметавонад идома ёбад.

 Сармоягузорон, масъулони ширкатҳо, коршиносони соҳаи иртиботот ва акнун ҷомеаи шаҳрвандии кишвар аз ин вазъ нигаронанд. Бо намояндагӣ аз ин ҷомеъа ин номаро иншо дорам, то Шумо баъди бекор кардани қарори ғайриқонунӣ дубора кафилу ҳомии ҳуқуқҳои мардуми кишвар шаведу ашхоси тасодуфиро аз ин соҳа дур андозед.
Шароит офаред, ки фанновариҳои иттилоотиву иртибототӣ дар кишвар рушд кунанд. Сифати он ҳадди аққал бо кишварҳои ҳамсоя баробар шаваду нархаш аз Афғонистон болотар набошад. Аз душманони Интернет - дастрастарин абзор ва бузургтарин манбаъи иттилооту дониш  худу ҳукумататонро канор бигиред. Озодии баён дар кишварро таъмин кунед.

 Ҷаноби президент!

 Агар ба як далели овардашуда дар ин нома шубҳа доред, ман омодаам дар баробари онҳое, ки номашон дар нома дарҷ шудааст, дар ҳузури омм бо истифода аз дастгоҳи дурӯғсанҷ шоҳидӣ диҳам. Аз ҷомеъаи журналистии кишвар низ муҳтарамона хоҳиш мекунам, ҳар як далели овардашуда дар ин номаро бисанҷанд, то ҳақиқати ҳол ба мардум рӯшан шавад.

 Биёед бо ҳам ба ростиву адолат, ба суботи иҷтимоӣ ва ваҳдати воқеъии миллӣ арҷ гузорем!
 Бовар дорам, бо ҷорӣ кардани тағйирот ва ислоҳоти ҷиддӣ дар соҳа худи ҳамин сол

маблағи андоз аз даромади он то 25-30 % боло меравад, сифати хидматрасонӣ беҳтар мегардад ва фарҳанги нави муносибат бо ҷомеа ва муштариён побарҷо мешавад.

Бо эҳтиром Саймуддин Дустов,

Садри Раёсати Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик
Варшов, 24 апрели соли 2019

Назарҳо

Об аз боло лой аст .

Шояд шумо суол ё назаре доред?