Бахтиёр Муртазо

Бахтиёр Муртазо (Бахтёр Қосимзода Муртазо), адиб ва рӯзноманигори шинохта 23-юми майи соли 1940 дар рустои Ёбузи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар хонаводаи зиёӣ дида ба олам кушодааст.

Гузаштагонашро аҳли илму фарҳанг ва донандагони хуби улуми исломӣ медонад. Бино ба гуфтаи ӯ бобои модариаш Мулло Хоҷа таҳсилкардаи мадрасаи Бухоро ва бобои падариаш Сайид Муртазо хатмкардаи мадрасаи шаҳри Тошқурғони Афғонистон буданд. Соли 1937 тири хуношоми “тройка” хонадони онҳоро низ ба нишон гирифт ва ба ҷурми аҳли илм будан Сайид Муртазо қурбонии солҳои бедод шуд.

Падараш аз ҷумлаи омӯзгорони варзида маҳсуб мешавад, муддате муаллим ва баъдан мудири мактаби деҳа ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён буд. Муҳити хонаводагӣ барояш имкон фароҳам овард, ки бештар аз дигар ҳамсолонаш китоб хонад, чун хонаи падарӣ пур аз китоб буд ва ҳамзамон бо ташвиқи қиблагоҳӣ кутуби зиёдеро аз китобхонаи мактабу идораи ҷамоат пайдо мекард ва мутолиа менамуд. Дар суҳбате дилбастагӣ ба мутолиаро як сабаби рӯ оварданаш ба кори эҷодӣ донистааст. 

Пас аз хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин даст ба кори рӯзноманигорӣ задааст. Нависандаи маъруф ва публистисти шинохта Мутеулло Наҷмиддиновро устоди худ медонад ва мегӯяд дар коргоҳи эҷодиаш, ки аз як хонаи якҳуҷраӣ иборат аст, расми бузурги ин устоди насрро нигоҳ медорад. Аз ӯ хеле омӯхтааст ва Наҷмиддинов хеле аз навиштаҳои аввали ӯро қалам задаву бо маслиҳату машварат ӯро ба шоҳроҳи нависандагӣ равона сохтааст. 

Тӯли фаъолияти корӣ дар вазифаҳои сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», муҳаррири шуъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», муҳаррири шуъбаи публистистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ», ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» кор кардааст.

Муддати чор сол (солҳои1969-1973) дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ва чор соли дигар (1979-1982) чун афсар афсар хизмат кардааст.

Айни замон раиси Шӯрои очерку публитсистикаи Иттифоқи нависандагон ва хабарнигори махсуси рӯзномаи «Минбари халқ» дар сохтмони неругоҳи барқиву обии «Роғун» аст.

Муаллифи маҷмӯаҳои қиссаву очерку ҳикояҳои «Боғбони гули кӯҳӣ», «Қасидаи бародарӣ», «Ҷонбохтаи Роҳатӣ», «Чинор дар Солони», «Ҷӯи Навдиз», «Эҳёи Бешканд», «Чашмаи Офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Нақби Истиқлол», «Нӯҳ чинори Балҷувону Баҳманрӯд», «Ҷавпазак» ва ғайра  мебошад.

Барои қиссаи «Нақби Истиқлол» сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.

Иддае аз асарҳояш ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, литвонӣ, эстонӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Бахтиёр Муртазоев бар замми он ки рӯзноманигор, пубилистист ва нависандаи хуб аст, тарҷумони чирадаст ҳам мебошад. Бо талош ва заҳматҳои ӯ қиссаи «Роҳи Каҳкашон»-и нависандаи баруманди қирғиз Чингиз Айтматов, романи «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал, китоби «Садбарги заррин»-и Константин Паустовский ва чанд асари дигар бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудаанд. 

Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Лоҳутӣ аст.

 Бо нишони «Ситораи сурх» ва 15 медали ҷангию меҳнатӣ сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд ва 11 набера мебошад.

Copyright @2015 TojNews