Баҳодур Акрамзода

Баҳодур Акрамзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Ӯ 2-юми майи соли 1974 дар деҳаи Хитойи ноҳияи Ҷаббор Расулов таваллуд ёфтааст.

Миллаташ узбек, маълумоташ олӣ, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Баъди хатми мактаби миёна соли 1991 ба Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1996 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси «Муҳандис — механик» хатм намуд.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1996 ба ҳайси аъзои бригадаи таъмири устохонаи марказии хоҷагии А. Саматови ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз намудааст.

Номбурда дар вазифаҳои фаъолият бурдааст:

Солҳои 1997 — 2000 ҳисобчии парки трактории №24 — и дар минтақаи ноҳияи Зафарободи хоҷагии ба номи А. Саматови ноҳияи Ҷаббор Расулов;

Солҳои 2000 — 2001 ёрдамчии механики парки трактории №24 — и дар минтақаи ноҳияи Зафарободи хоҷагии ба номи А. Саматови ноҳияи Ҷаббор Расулов;

Солҳои 2001 — 2002-механики парки трактории №11 — и хоҷагии ба номи А. Саматови ноҳияи Ҷаббор Расулов;

Соли 2002 — аъзои комиссияи тафтишотии хоҷагии ба номи А. Саматови ноҳияи Ҷаббор Расулов;

Соли 2002 — сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои Ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов;

Солҳои 2002 —  2003 мудири шуъбаи иқтисод ва савдои Ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов;

Солҳои 2003 — 2004 мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов;

Солҳои 2004 — 2009 раиси ҷамоати деҳоти Янгиҳаёти (ҳоло Ҳаёти нав) ноҳияи Ҷаббор Расулов;

Солҳои 2009 — 2011 муовини Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов;

Солҳои 2011 — 2015 сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов;

Соли 2015 — директори идораи бойгонии байниидоравии ҳайати шахсии ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Аз моҳи декабри соли 2015 — муовини якуми раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов.

10 апрели соли 2016 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов» №16 интихоб шудааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?