Баҳриддин Камолиддинов

Баҳриддин Камолиддинов 8-уми октябри соли 1935 дар деҳаи Пунғози ноҳияи Ашт таваллуд шудааст.

Доктори илмҳои филология, профессор, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон. Баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) бо дипломи аъло аз соли 1959 ба ҳайси ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ ба фаъолият оғоз намуда, соли 1966 рисолаи номзадӣ ва соли 1988 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст ва соли 1991 соҳиби унвони илмии профессор гардидааст.

Солҳои зиёде ҷонишини таълимии декани факултаи филология ва шарқшиносӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳии Миллии Тоҷикистон ва аз соли 1994 то соли 2011 вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии ДМТ-ро бар уҳда дошт.

Профессор Камолиддинов аз фанҳои забони ҳозираи тоҷик, услубшиносӣ, таҳрири адабӣ, маҳорати суханварӣ ба донишҷӯёни факултети журналистика ва дар курсҳои такмили ихтисоси ДМТ ба муаллимони мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди илмию методӣ дарс мегӯяд.

Нахустин рисолаҳои илмиаш бо унвонҳои “Ҳаким Карим”, “Забон ва услуби Ҳаким Карим” солҳои шастуми садаи гузашта ба табъ расидаанд. Солҳои минбаъда рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсию дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (1973), ки ба забони дарӣ дар Афғонистон ду маротиба чоп шудааст, ду маҷмӯи машқҳо доир ба наҳви забони тоҷикӣ (ҳаммуаллиф 1978, 1982), “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986), “Ҳусни баён” (1989), “Хусусиятҳои услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992), “Услубшиносӣ” ( ҳаммуаллиф, китоби дарсӣ барои хонандагони макотиби миёна, 1995), “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001), “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003), “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005), “Меъёрҳои забонҳои адабӣ ва забони матбуот” (2007), “Сухан гуфтию дур суфтӣ, ё рӯ ба рӯи микрофон” (2007), “Наҳви забони тоҷикӣ” (китоби дарси барои донишҷӯёни факултаҳои филология, журналистика ва забонҳои Шарқ, 2010), инчунин бо ҳаммуаллифӣ бо олимони дигар дастури ёрирасони таълимии “Тарҷума ва балоғати сухан” (иборат аз ду ҷилд, 2004 ва 2005) ба табъ расидаанд.

Бар замми ин дар давоми фаъолияи илмию омӯзгорӣ беш аз 150 мақолаи илмию методӣ интишор намуда, беш аз 50 номгӯй асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимиро таҳрир кардааст.

Баҳриддин Камолиддинов яке аз муаллифон аз муҳҳаррирони “Грамматикаи забони ҳозираи тоҷик” (грамматикаи илмии академиявӣ, 1985-1992) мебошад. Профессор Камолиддинов дар давоми солҳои 1998-2011 ба ҳайси узви Шӯроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории ДМТ, Инситуи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Инситути илмҳои педагогӣ дар тайёр кардани мутахассисони ҷавон хизмати шоиста намудааст.

Номбурда ба ҳайси узви Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Тоҷикистон, ҳайати кории ислоҳоти имлои забони тоҷикӣ (солҳои 1994-1998 ва 2010) хидмат кардааст. Баҳриддин Камолиддинов ба ҳайси сардори гурӯҳи ҳамоҳангсози фанни забони тоҷикии Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маорифи Тоҷикистон дар таълифи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои хонандагони (тоҷику ғайритоҷикзабон)-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ низ ба муаллифони китобҳои дарсӣ ба сифати мушовир, муқарриз ё муҳаррир ёрмандӣ кардааст.

Солҳои охир фаъолияти илмии ӯ бештар ба масъалаи риояи асолати забони тоҷикӣ ва меъёрҳои забони адабӣ ва риояи он дар забони ВАО, покиза нигоҳ доштани забони адабии тоҷикӣ аз ҳар гуна олоиш ва унсурҳои бегонаи номатлуб равона карда шудааст.

Профессор Камолиддинов барои меҳнати пурсамараш бо унвонҳои ифтихории “Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон”, “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, бо ду Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Аълочии Маорифи Тоҷикистон, нишони “Комёбиҳои беназир дар таълими мактаби олӣ” сарфароз гардонида шудааст.

Copyright @2015 TojNews