Баҳринисо Абдураҳмонова

Аз журналистони номии русзабон дар шимоли Тоҷикистон аст.

Бештар ба масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ дошта, дар давоми беш аз 20-соли фаъолияташ дар ин самт дасти дароз доштааст.

Аввалин муаллифи барномаи байналмиллалии  «Жди меня»-и шабакаи аввали Русия (ОРТ) дар Тоҷикистон мебошад.

Бештар масоиле, ки ин бону дар барномаву навиштаҳояш рӯи он тамаркуз кардааст, ҳатман барои қишре буда, ки рӯёрӯи мушкилоти фаровон дар зиндагӣ ночор мондаанд. Маҳз ин гуна  диду масъалагузориаш ӯро ҳамчун камназиртарин журналистзани иҷтимоъгаро дар шимоли кишвар муарифӣ кард. 

Баҳринисо Абдураҳмонова 1-уми сентябри соли 1953 дар шаҳри бостонии Хуҷанд таваллуд шудааст.

Соли 1970 мактаби таҳсилоти умумии №2- и шаҳри Хуҷандро хатм мекунад.

Дар остонаи хатми мактаб падараш - Абдувалӣ падараш вафот мекунад. Ин зарба ба ҳаёти минбаъдаи Абдураҳмонова бетаъсир набуд. Чун саробонии ӯву боз ду хоҳар ва ду бародараш  ҳамагӣ бар души модараш Холбибӣ вогузор мешавад.

Бори душвори зиндагӣ Баҳринисоро маҷбур мекунад, ки аз азми таҳсил дар донишгоҳро барои муҳлате ба канор гузорад.

Соли 1971 Баҳринисо дар бахши шомгоҳии он замон «Ҳунаристони бофандагии Ленинобод» ба таҳсил оғоз мекунад.

Рӯзона то шурӯъи дарс ҳамчунин ба кори бофандагӣ мешғул мешавад.

Дар соли 1973 баъди хатми ҳунаристон ӯро ба Раёсати он замон «навтаъсиси духти либосҳои инфиродӣ» ба сифати муҳандис ба кор қабул мекунанд. Ҳамагӣ 20 сол дошт, ки ба зинаи муҳандисӣ расид.

Фаъолият дар ин самт азми ӯро барои гирифтани маълумоти олӣ заррае коста намекунад. Ҳамин тавр, Баҳринисо Абдураҳмонова соли 1976 дар  бахши забон ва адабиёти русии институти омӯзгории Ленинобод- ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик  Б. Ғафуров дохил шуда ва соли 1981 курси пурраи онро хатм намудааст.

Соли 1979 роҳбари шӯъбаи истеҳсоли техникаҳо дар соҳаи маишӣ интихоб карда мешавад. То  соли 1993, яъне то замони барҳамхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ дар ин вазифа фаъолият кардааст.

Баъди  барҳамхурдани Иттифоқи Шӯравӣ ин корхона дигар аз кор бозистод.

Аз соли 1993 ба рӯзноманигорӣ пайваст.

Дар ҳамон сол ба нашриёти ба номи «Раҳим Ҷалил» ба кор медарояд. Ибтидо корро аз мухбири оддӣ дар нашрияи «Программа ТВ»-и нашриёт оғоз мекунад. Ва то ба зинаи раҳбарии ин нашрия мерасад.

Соли 2000-ум бо фармони масъулини нашриёт Баҳринисо сармуҳаррири  нашрияи «Программа ТВ» таъин карда мешавад.

Дар ин вазифа  11 сол кор карда ва  тиражи  нашрияро то ба 20 ҳазор дона  расонидааст.

«Программа ТВ» замоне ягона нашрияе буд, ки мардум ҷиҳати инъикоси мушкилоту масъалаи худ ба нашрия муроҷиат мекарданд. Дар ин замон бештари мардум ба наздаш омада бо қиссаҳои талху орзӯҳои ширини худ муроҷиат мекарданд. Баъзеҳо барои харидуфӯруши хона, баъзеи дигар ҳатто барои гуму бенишон шудани аъзои хонавода барояш  муроҷиат мекарданд.

Ин аст, ки шурӯъ аз соли 2006 ӯ ба сифати волонтёри  барномаи ҷаҳонии  «Жди меня»-и шабакаи аввали телевизиони Русия дар Тоҷикистон корро оғоз  кард. 

Дар соли 2010 иттиҳоди ҷамъиятии «Диёр»-ро созмон дод, ки ба гуфтаи худи Баҳринисо номи созмонаш ҳам ифодакунандаи Ватан, меҳнат, кишваре, ки мо дорему дар он зиндагӣ мекунем, мебошад.

Созмони ҷамъиятии «Диёр» самти фаъолияти худро нахсут аз сабтиномкунии  сокинони гуму бенишоншудаи Тоҷикистон  шурӯъ кард. Дар тӯли 3 сол беш аз 2 ҳазор нафарони аз роҳи ҷангу муҳоҷират солҳо  боз бенишоншудаи тоҷикро дар қайд гирифт.

2 ҳазор нафар рақами ниҳоии гум шудани сокинон нест, мегӯяд, Баҳринисо, балки ҳар ҳафта 5-6 нафар аз  манотиқи кишвар барояш занг задаву оиди бенишон шудани аъзои хонаводаашон муроҷиат мекунанд. Дар паи муроҷиати мардум мегӯяд, ӯ маълум мешавад, ки аксаран сокинони кишвар аз роҳи муҳоҷират бенишон шудаанд ва мардум ҳам намедонанд, ки оиди ин мушкили худу аъзоёни хонавода  ба куҷо ва чи гуна муроҷиат намоянд. 

Шурӯъ аз соли  2006  ба ин тараф дар паи кӯшиш ва талошҳои пайвастаи «Диёр» беш аз 300 нафар аз шумори умумии касони солҳо боз берун аз кишвар бедарак шуда, пайдо гардиданд.

Баҳринисо Абдураҳмонова ҳоло дар Хучанд ҳамроҳи писараш Фарҳод зиндагӣ мекунад ва писарашро кӯмакрасони худ медонад, ки дар ҳар кору тасмимгириҳояш дар  канораш будааст.

Copyright © 2014 TojNews