Барзу Абдураззоқов

Коргардон. Муҳоҷири корӣ. Виҷдони миллат. Намоди ҷомеаи шаҳрвандӣ

Барзу Абдураззоқов – коргардони машҳур ва фаъолтарин чеҳраи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Ӯ касест, ки бетардид метавон намоди рӯшанфикрӣ, виҷдони бедори ҷомеа ва таҷассумгари набзи миллаташ номид. Солҳост, ки дар Ватан барои ӯ ҷойи кор нест.

Ӯ мисли беш аз як миллион ҳамватанаш муҳоҷири корӣ асту асосан дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунад. Ҳама касоне, ки бо Барзу камтарин шиносоиро доранд, ӯро ба се сифат мешиносанд: Инсони комил;  Марди наҷиб; Ватандори собит.  

Ӯ ҳамомананди дарёст. Ҳамаро дар худ меғунҷонад, ба худ мепечаду ба соҳилҳо мезанад, аммо саркашона пеш мераваду ғурури хос ба намоиш мегузорад. Ба назар мерасад ӯро ҳеч чорчӯбаву тангно дар худ намеғунҷонад. Ҷуз аз як рисолат: рӯшангарӣ. Ҳатто агар ором аст, оромияш мисли оромии кӯҳҳо асрор дорад. Агар дар ғурбат мегӯяд, “Тоҷикистонро ёд намекунам... кӯшиш мекунам ёд накунам” боз ҳам барои мову барои ватанаш мегӯяд. Аз дард мегӯяд.

Дар бораи ӯ гуфтану навиштан осон нест. Тавоноиву зарфият, ҳунар, дидгоҳу бархурдҳои хосс ба ҳунари эҷодии башар, нозукӣ, ҷасорату дониш ва ҳунари коргардонии ӯро, ҳатто нотавонбинҳояш қабул доранд. Дар ҳамин ҷомеаи пуртаззоди шарқии мо ҳам касоне нестанд, ки ӯро эътироф накунанд.

Барои ба ин сатҳу мартаба расидан, Барзу заҳмат мекашаду талош меварзад. Ҳеч гоҳ аз талоши сохтани худ хаста нагардидааст. Мошини тоҷикии худсозӣ аст. Шояд аз ангуштшумор шахсиятҳои Тоҷикистон аст, ки китоб ҳамеша муниси ӯст. Пурмутолиа асту рӯзнома менигорад, ки рӯзе ҳатман дастраси ҷомеа хоҳад шуд. (Ва он гаҳ мо ва наслҳои баъдамон ин рӯзгорро ба чашми ақлу тору пуди дили ӯ хоҳем дид ).

Барзу Абдураззоқов 19-уми сентябри соли 1959 дар хонаводаи ҳунармандони номӣ Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова ба дунё омадааст. Шояд ҳамин аст, ки қадам ба дунёи театр ниҳодани ӯро тасодуфӣ намедонанд, аммо худаш мегӯяд, дар овони бачагиву кӯдакӣ театрро, ки ӯро аз навозиши модару падар маҳрум мекард,  дӯст намедошт, балки нафрат ҳам ба он дошт.  

Мактаби миёнаро соли 1976 ба поён расондааст. Ҳамон сол донишҷӯи Донишкадаи ҳунари Мирзо Турсунзода шуда ва соли 1980 онро хатм мекунад.

Аммо ба ин иктифо накарда, солҳои 1980 то 1987 дар донишкадаи коргардонии Донишгоҳи ҳунарҳои театрии Русия, маъруф ба ГИТИС, таҳсил мекунад.

Фаъолияти кориашро дар Тоҷикистон аз Театри давлатии шаҳри Хуҷанд оғоз карда, сипас дар Театри Маҳмудҷон Воҳидов, Театри драматики русии Маяковский, Театри драматики Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе идома медиҳад.

Дар муддати фаъолияташ беш аз 50 асар ва намоишномаҳои театриро ба саҳна гузоштааст.
Асарҳои ӯ дар театрҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Эрон, кишварҳои урупоӣ ва дигар ба намоиш гузошта шудаанд. Чи дар саҳнаи театр дар Порис ё дар Петербургу Хуҷанд дар баробари ҳунари ӯ холисона каф кӯбидаанд.

Чанд соли ахир дар Душанбе гӯё саҳнаҳои театр барои ӯву асарҳояш тангӣ карданд. Дақиқтараш, мушкилоти фаровон дар баробари фаъолияту намоишномаҳои ӯ меофариданд.

Ба Хуҷанд рафт. Хуҷанди замони сарварии Қосим Раҳбар ва рӯзгори Фарзона Хуҷандӣ. Он замон ҳама аз театр дар Хуҷанд мегуфтанду дар сафҳаҳои расонаҳои миллӣ ҳарф аз коргардон Барзу буд.

Ишқ ба фарҳанги шаҳриву муомилаи рӯзмарраи хуҷандиён то ҳол дар навиштору гуфтори ӯ эҳсос мешавад. Гӯиё бо ин бархурд фарҳанги шаҳриву назокатҳои мардуми ин пораи хоки Ватанро тарғибу ташвиқ мекунад.

Ба Душанбе омад. Соли 2009 намоишномаи “Девонагӣ. Соли 93”-ро аз рӯи асари "Таъқиб ва қатли Жан Пол Марат" аз дромнависи олмонӣ Питер Улрих Вайс ва "Соли 93" аз Виктор Ҳугу, шоъир ва дромнависи фаронсавӣ омода кард. Намоиш ҳаводиси инқилоби Фаронса дар қарни 18-ро бозтоб мекард, аммо масъулину мардум девонагии худро дар солҳои 1990-ум шинохтанду вокуниш карданд.

Намоиш дар остонаи ҷашни Наврӯз дар театри Маяковский муаррифӣ гардид. Дар назар буд, ки пас аз се рӯз ба саҳна гузошта мешавад. Аммо бо сензури Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯ ба рӯ гардид ва намоишҳои баъдӣ мамнуъ шуд.

Масъулин мехостанд намоишномаи “Девонагӣ. Соли 1793” бошаду “қайчӣ” шавад. Тағйири ном карду сонсур шуд, аммо фоида накард. Намоишнома мамнуъ шуду фишор бар коргардон афзуд. Мардум ҳам вокуниш кард. Наворҳои сабти ин намоишнома даст ба даст шуданд. Гурӯҳҳое ҳам аз зиёиён бо ҳам ҷамъ меомаданд, то намоишномаро бо ҳам бибинанд.

“Девонагӣ. Соли 93” танҳо намоиши Барзу Абдураззоқов нест, ки иҷрои он дар саҳнаи театри тоҷик манъ гардидааст.

“Муҳоҷир” намоиши дигаре, ки Барзу Абдураззоқов аз рӯи асари Славомир Мрожек, нависанда, драматург, эссеист ва наққоши лаҳистонӣ омода кард, ба саҳнаҳои театри тоҷик роҳ наёфт. Намоишнома дар толорҳои хурде пешкаши теъдоди хеле ками тамошобинони тоҷик гардид.

Худи Барзу дар як суҳбат аз он намоиш чунин ёд кардааст: «Ин намоишро дар иҷрои ду ҳунарманди беҳамтои тоҷик Нозим Меликов ва Қурбони Собир ба саҳна мондам. Аммо баъди 3-4 бор иҷро, намоиши онро манъ карданд. Шумораи тамошбинон низ зиёд набуд. Хеле дардовар аст, ки пас аз сарфи ин қадар нерӯву заҳмат, спектакли омодашуда, ба тамошобин пешниҳод нашавад.

Мо шабона барои омода намудани ин саҳна кор мекардем, чунки рӯзона ҳар яки мо дар театр машғули корҳои дигар будем. Вақте маҳсули заҳматҳои сангини худро ба тамошобин пешниҳод карданӣ будем, туҳмати палиде муҳраи моро шикаст, ки гӯё мо аз саҳнаи театр тоҷикро таҳқир кардаем. Намоишнома ба ҳамин тариқ ба куллӣ мамнуъ эълон шуд”.

Аммо мамнуъ эълон карданҳо танҳо барои Тоҷикистон буд. Намоиши мазкур моҳи августи соли 2013 дар таҳияи ӯ дар Театри академии шаҳри Бишкек ба саҳна гузошта шуд.

Барои ҳаводорони театри тоҷик намоишномаҳои “Найрангҳои Абдуи Хуҷандӣ”, “Шабпарак хоб дид”, “Чор дарвеш”, “Антигона”, “Оттелло”, “Ҳайвонхонаи шишагӣ” дар таҳияи Барзу Абдураззоқов аз номдортарин намоишномаҳои театрӣ боқӣ мондааст.

Намоишномаи “Хидматгори ду хоҷа”-и ӯ дар театри Лоҳутӣ аз пурдбинандатаринҳо шуда, “Нидо” ва “Роҳи дури дур то Макка”-аш барандаи чандин ҷоизаи минтақаиву байнулмилалӣ ва унвони “Беҳтарин намоишномаи ИДМ” ба худ гирифтаанд.

Барзу дар соли 2013 бо даъвати Қирғизистон ба ин кишвар рафт ва чандин намоиш дар саҳнаҳои театри ин кишвар гузошт. Соли 2013 дар ин кишвар “Коргардони сол” шинохта шуд.

Дар интихоботи раисҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 бо мавқеъгириҳояш аз номзадии ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президентӣ аз ҷониби ҲНИТ ҷонибдорӣ кард. Ҳукуматдоронро сахт хуш наомад. Ӯро боке набуд.

Дар соли 2014 низ чанд бор ба ҳимоя аз Зайд Саидов, соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонии тоҷик, садо баланд кард. Ин гуфтааш, ки “Зайд аз мардонест, ки месазад қафаси синаашро боз карду дилашро бӯсид”, то ҳол вирди забонҳост. Хомӯш нанишастанашро дар як суҳбат чунин шарҳ додааст:

“Оппозитсия ин маънои позитсия, яъне мавқеи дигар доштан аст. Аз ин нуқтаи назар, ман инсони мавқеъҳои куллан дигар ҳастам, на мисли онҳое, ки ҷомеаву давлати моро идора мекунанд. Ман душман нестам, аммо дунёро ба ранги дигар мебинам, тасаввуроти ман дар бораи ҷаҳон дигар аст, рангҳои сиёсии ман рангинкамонранг ҳастанд, олами ман гуногуновоз аст, бисёровоза - полифонӣ аст.

Ман Исоро, Буддову Пайғамбари акрам Муҳаммад (с)-ро дӯст медорам, чун медонам, ки онҳоро Худои ман офаридааст. Ман олами сиёҳу сафеди афроди беистеъдодро дӯст намедорам. Ман тобеъи камрангӣ намешавам. Ман зебоиро ба ҷон мепарастам. Мусиқӣ ва кӯдаконро дӯст медорам.

Узбакҳо, қирғизҳо, яҳудиҳо, бирмаиҳоро дӯст медорам ва онҳоеро, ки мехоҳанд ҷаҳонро барои ман тақсим кунанд, чашми дидан надорам. Агар ин оппозитсия будан аст, пас, бешак, ман аввалин оппозитсионери ҷаҳон ҳастам”.

Воруна бар таҷрубаи маъмули зиёиёни тоҷики аҳди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ватандориву инсондустӣ зиёд мегӯянд, вале аз хашми мақомот тарсида, дар баробари мушкили мардуму маҳдуд кардани ҳуқуқҳои табииву озодиҳои инсон аз ҷониби ҳукумат хомӯшанд, Барзу Абдураззоқов мавзеъгирӣ ва дар баробари ҳеч ноадолатӣ дар ҷомеа хомӯш намемонад. Ин аст, ки ӯро намоди ҷомеаи шаҳрвандӣ медонанду виҷдони миллаташ мехонанд.

Соли 2012 нашрияи “Нигоҳ” радабандии “Чеҳраҳои мардумии соли 2012”-ро мунташир кард, ки дар он коршиносон якдилона  Барзу Абдураззоқовро “Ҳунарманди сол” донистанд.

Соли 2013 бо қарори дварони 5-умин ҷашнвораи театрӣ дар Қирғизистон “Коргардони сол” шинохта шуд.

Соли 2014 барандаи ҷоизаи Вазорати фарҳанг ва Анҷумани фаъолони театр дар Қирғизистон барои беҳтарин ҳунари коргардонӣ дар 5 соли ахир шуд.

Соли 2015  бо даъвати театри “Жас Сахна” ба Қазоқистон рафт ва то соли 2018  чандин намоишнома ба саҳна гузошт, ки машҳуртаринашон “Ҳамсинфон. Сабақи зиндагӣ”, “Тарма”, “Дарвешони босаодат”, “Парвонаҳои озод” ва „Назарияи ришта. Қиссаҳои вуҳуш“ мебошанд. Ин намоишномаҳо дар чандин ҷашнвораи театрӣ ширкат кардаву дар озмунҳо баранда шудаанд.

Дар соли 2017 бо даъвати Вазорати фарҳанги Узбакистон дар Тошканд намоишномаи “Фарҳод ва Ширин”-ро аз рӯи асари шоъир Алишер Навоӣ ба саҳна гузошт, ки дар Петербург аз беҳтарин намоишномаҳо шинохта шуд.  Ҳамин аст маҳсули кори як муҳоҷири кории тоҷик, ки иҷборан дур аз Ватан фаъолият мекунад.

Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Кирилл Лавров аз Русия аст.
Бо ин ҳама дастовардҳои касбӣ Барзу Абдураззоқов театри тоҷикро бемори дармоннопазир медонаду умед дорад, ки тоҷикон театри нави миллии худро месозанд. Ҳатман месозанд, агар шуравизадагии худро дарк кунанду бо манқуртизм созиш накунанд.

Хонавода дорад. Дар бораи фарзандонаш мегӯяд: “Се фарзанд дорам: Беҳрӯз, Каюмарс, Ҳанно. Ва се фарзанд, ки аз худ мешуморам: Фирӯза, Сафина, Исроил мебошанд”.