Бузургмеҳр Ёров

Аз ҷумлаи маъруфтарин ва шинохтатарин адвокатҳои кишвар аст ва шояд аз ҷумлаи муваффақтаринҳо низ бошад. Дар пуровозатарин парвандаҳо ширкат кардааст ва дӯсти матбуоти тоҷик  маҳсуб мешавад.

Бузургмеҳр Ёров 9-уми июни соли 1971 дар хонадони нависанда Равшани Ёрмуҳаммад  дар шаҳри Душанбе дида ба олам кушодааст. Солҳои 1989-1995 дар факултаи  ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст ва онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Аз соли 1993 то соли 1997 дар вазифаи муфаттиши шуъбаи тафтишотии ШКД ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2001 ба ҳайати кории омодасозии маърӯзаҳои миллӣ аз созмонҳои ғайридавлатӣ шомил карда шуд.  Аммо баъдан ин комиссия барҳам дода шуд.

Аз ҷумлаи камтарин адвокатҳои мамлакат аст, ки таҷрибаи кори муваффақона дар созмонҳои байналмилалист. Солҳои 2000-2004 чор-панҷ маротиба ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи башар дар мавриди парвандаҳои мушаххас муроҷиат кардааст.

Оид ба парвадаи ҷиноии Мингбоев Баҳрулло ва Ҳамидов Баҳром дар натиҷаи шикоят ба кишвари ширкаткунанда 90 рӯз муҳлат дода шуд, то дар қарори худ таҷдиди назар кунад. Дар натиҷа Президенти Тоҷикистон бо фармони худ ин ду танро авф кард, яъне ҳукми қатли онҳоро ба маҳрумият аз озодӣ иваз намуд. 

Худаш гуфта буд, ки “кор дар созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Кумитаи СММ оид ҳуқуқи башар  моро бештар ба касбамон дилгарм кард ва дидему дакр кардем, ки то кадом андоза метавонем дар хушбахтии инсонҳо саҳм бигирем.

Мо бо чашмони худ дидем, ки чӣ гуна тавонистем инсонҳоеро, ки давлат таъқибашон мекард, аз марг наҷот диҳем, саломатии онҳоро ҳифз кунем. То ба имрӯз хешовандони онҳо аз ин пирӯзии адолат табли шодӣ мезананд. Зеро онҳо ба ҳама зинаҳои ҳокимият муроҷиат кардаву ноком монда буданд, чун касе онҳоро шунидан намехост ва ҷомеаи байналмилалӣ аз онҳо дифоъ карда тавонист”.

Вай муаллифи китобчаест бо номи «Раҳнамои конститутсионии ҷомеа». Муаллифи мақолаҳои зиёди ҳуқуқӣ ва шарҳҳои ҳуқуқӣ дар матбуот аст. Солҳои 2005-2007 дар 60 барномаи шабакаи аввал ширкат кардаву масъалаҳои ҳуқуқиро ҳафтае ду маротиба шарҳу тафсир кардааст.

Аз 15-уми майи соли 2009 раиси коллегияи адвокатҳои ҶТ “Сипар” мебошад.

Баъди боздошти 13 тан аз аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ (ҳизби мамнуъ дар Тоҷикистон) дар нимаи моҳи сентябри соли 2015 Бузургмеҳр Ёров ҳуқуқҳои боздоштшудагони ҲНИТ-ро ба зимма гирифт. Баъд аз зуҳри 28-уми сентябр ӯро барои бозпурсӣ ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта даъват шуд. 29-уми сентябр ВКД эълон кард, ки Бузургмеҳр Ёровро бо иттиҳоми “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” боздошт кардаанд. Ҳамон рӯз ВКД аз шаҳрвандон хост, ки агар шикояте нисбат ба адвокат Ёров дошта бошанд, муроҷиат кунанд...

Мақомоти корҳои дохилӣ Бузҳургмеҳр Ёровро ба он муттаҳам мекунанд, ки “бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрвандон маблағҳои махсусан калони пулиро тасарруф намудааст”. 

Созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон хостори тафтишоти шаффоф дар қазияи адвокат Ёров шуданд. Аммо мақомот эълон карданд, ки ба парвандаи Бузургмеҳр Ёров муҳри махфӣ гузошта шуд, ифшо кардани ҷузъиёти он ғайримумкин аст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст.

Copyright © 2015 TojNews