Ғуломқодир Бобиев

Донишманди шинохтаи кимиё, ки дар тиб ҳам маъруфият пайдо кардааст. Яке аз муваффақтарин олимони соҳа дар даҳаи аввал ва дуюми асри ХХI аст.

Ғуломқодир Муккамолович Бобиев 17-уми марти соли 1960 дар деҳаи Навободи Холмуродии ноҳияи Ваҳдат, дар хонаводаи коргар дида ба олам кушодааст.

 Таҳсили ибтидоиро дар мактаби деҳа гирифтааст.

Мансур Абдусамадов, муаллими кимиё дар мактаби миёнаро аз устодони аввалини худ медонад, ки чашми ӯро ба аҷоиботи ин фан кушодаву дар интихоби ихтисос барои оянда саҳм доштааст.

Соли 1977 ба факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурд. Вале аз дохил шудан ба шуъбаи рӯзона ба иллати нарасидани балли вуруд ноком шуд. Аммо нагзоштанд аз остонаи Донишгоҳ ноумед ба зодгоҳаш баргардад. Ӯро ба шуъбаи шабонаи таҳсил гузарониданд. 

Тибқи низоми вақти таҳсил афроде, ки шабона мехонданд, бояд ҳатман дар рӯз ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мешуданд.

 Бобиев имрӯз ҳамон “нокомӣ”-ро оғози неке дар фаъолиятҳои имрӯзаи илмии худ медонад. Зеро пас аз саршавии таҳсил ӯ дар яке аз озмоишгоҳҳои маъруф ва пешқадами кафедраи органикии факултаи кимиёи донишгоҳ, озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид»  ба ҳайси ёвар ба кор шурӯъ намуд.

Ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ вай дар байни устодон ва ҳамсабақонаш ҳамчун донишомӯзи пешқадам ва озмоишгари соҳибсалиқа шинохта гардид. Аз ин сабаб ин ҷавони лаёқатманд аз ҷониби мудири кафедраи кимиёи органикӣ ва роҳбари озмоишгоҳи илмию  тадқиқотии «Пептид» дотсент, номзади илмҳои кимиё Ш. Холиқов, ки ҳоло доктори илм, профессор мебошад, ба кори илмӣ ҷалб карда шуд. Ин буд, ки вай  дар соҳаи синтези пептидҳо ба муваффақият ноил гардид.

Чанде пас аз хатми Донишгоҳ Ғуломқодирро ба Маркази илмии кардиологии АИТ Иттиҳоди Шӯравӣ  барои аз худ намудани шеваҳои ҷадиди синтези пептидҳо фиристоданд. Ӯ дар ин маркази бонуфузи илмӣ таҳти сарпарастии яке аз олимони чавону тавоно, номзади илмҳои кимиё, ходими калони илмӣ Дейгин И. (ҳоло, доктори илмҳои биология, профессор) ба омӯзиш шуруъ кард ва на танҳо шеваҳои ҷадиди синтези пептидҳоро омӯхт, балки саодати онро ҳам дошт, ки дар таҳияи яке аз доруҳои навтарини ба эътидоловаранда ва тақвиятдиҳандаи системаи масуният Тимаген фаъолона иштирок намояд. Аз сӯи дигар навиштани рисолаи номзадии худро маҳз дар ҷараёни кораш дар Маскав оғоз кард ва тақрибан онро ба анҷом расонид.

Пас аз бозгашт аз Москва Бобиев тадқиқотҳои худро дар озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид»  давом дод, вале бо баъзе сабабҳои айнию зеҳнӣ ин озмоишгоҳро тарк намуд ва барои шароити беҳтаре ёфтан дар якчанд корхонаҳои илмию тадқиқотӣ кор кард.

 Билохира, барои давом додани пажӯҳишҳои илмӣ ва амалӣ намудани натиҷаҳои онҳо даст ба ташкили корхонаи илмию тадқиқотӣ зад.

Дар натиҷа дар соли 1992 Корхонаи хурди (ҳоло, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд) «Занд» ташкил карда шуд, ки сарварии онро Бобиев ба ӯҳда гирифт. Дар ин корхона корҳои илмӣ дар соҳаи синтези пептидҳои хурдмолекула ва  таҳияи маводи доруворӣ дар асоси онҳо ба роҳ монда шуд.

Дар натиҷаи бурдани тадқиқоти васеъ дар ин соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар соли 1996 ӯ дар мавзӯи «Таҳқиқоти сохторӣ-функсионалии пептидҳои фаъоли иммунии як қатор тимопоэтин, тимозини бурсин” рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои химия гардид.

Дар соли 2000 дар мавзӯи «Синтез ва хосиятҳои биологии пептидҳои пастмолекулярии тимусӣ ва таркиботи биологии ҳамоҳангии онҳо”-ро бо ихтисосҳои кимиёи биологӣ ва дорусозӣ рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.

  Аз кашфиёти муҳими ӯ доруи «Тимотсин» аст, ки  барои барқарорсозии муқовимати табии организм ба бемориҳои мухталиф истифода мешавад. Тимотсин ин полоиши пептидҳои гармонҳои тимуси чорвои калони шохдор ва моддаи кимиёвии руҳ мебошад.

Ба иқрори Бобиев самароварии он дар ҷараёни табобати бемориҳои давомдори иллатёбии ҷигар, гепатитҳои вирусии  (В, С, D), сиррози ҷигар, бемориҳои пӯст, резиши мӯй, касалиҳои Бехтерев, зиққи нафас ва ғайра эҳсос гардид. Ҳоло ин дору дар тибб васеъ истифода мешавад ва маъруфияти хос дорад.

Соли 1999 барандаи ҷоизаи озмуни Ихтирокори беҳтарини Тоҷикистон гардид,  соли 2000 бошад ғолиби ин озмун шуд ва ба гирифтани медали тиллои Созмони байналмиллалии моликияти интелектуалӣ мушарраф гардид.

Ғуломқодир Бобиев дар баробари тадқиқоти илмӣ ба корҳои илмию методӣ ва педагогӣ низ машғул шудааст. Соли 2001 профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, сипас соли 2002 мудири кафедраи мазкур интихоб гардид.

Соли 2004 ба вай аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия унвони илмии профессор дода шуд.

Худи ҳамин сол профессор Бобиев  барои корҳои пурарзишаш дар соҳаи педагогикаи хусусӣ ва таълим узви вобастаи Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

 Аз соли 2005-2006 дар вазифаи декани факултаи химия ва биологияи донишгоҳи мазкур кор кард. Аз соли 2006 профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

Ҳамчунин аз соли 2007 Раиси Кумитаи фармакологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Профессор Ғуломқодир Бобиев муаллифи зиёда аз 315 кори илмӣ, аз он ҷумла 50 кори илмию педагогӣ мебошад, ки аз тарафи мутахассисони риштаҳои химияи органикӣ, биохимия, фармакология ва педагогика баҳои баланд гирифтаанд. Таҳти роҳбарии ӯ 6 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд.

Оиладор ва соҳиби 5 фарзанд, 4 писар ва як духтар мебошад.

Асарҳои илмии профессор Ғулоқодир Бобиев: 

1. “Иммуноактивные пептиды и их координационные соединения в медицине”. Соли 2009 дар ҳаҷми 228 саҳифа дар “Издательский дом”-и Маскав чоп шудааст;

2. “Руководство по физическим и физико-химическим методам фармацевтического анализа” (дастури таълимиву методӣ), соли 2009 дар шаҳри Душанбе интишор ёфтааст;

3. Китоби дарсӣ барои синфҳои 11.-Душанбе, ҶММ «XEROXLand», 2007;

4. Краткий курс теоретических основ физических и физико-химических методов фармацевтического анализа (дастури омӯзишӣ), Душанбе, ПК «Политкомп», соли  2006;

5. Химияи биологӣ (дастури илмӣ бо забони тоҷикӣ);

6. Бо шарикмуаллифии У. Зубайдов, И. Шарипов,  А. Ҳайдарова, Х.Тошев, С. Алимов дастури таълимӣ бо забони тоҷикӣ навиштааст.

Copyright © 2014 TojNews

Назарҳо

устод дар хакикат бисёр олим хуб мебошанд.
Ин кас олими хубанд. Худо умрашона дароз кунад. Аз хама асосиш инсони хубанд, бамаърифат, хоксор ва донишманд. Хушаи пуранд устод, ки сарашон хам аст. Мисли баъзехо нестанд, ки чизе надоранду доду вой мекунанд.
Ачоиботи олам "узви вобастаи Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид." бо кадом хизматаш? Ягон маколаи педагоги надораду? Ин Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон хам як гапи хушку холи бидай.
хизмати ин устод дар сохаи илми химия хело калон аст... ман аз он фахр мекунам, ки дар солхои донишчуи ин устоди бузург ба мо аз химияи биологи дарс гуфтаанд. илохо куллахои баланди илм боз хам насибашон гардад!

Шояд шумо суол ё назаре доред?