Гулрухсор Сафӣ

Гулрухсор Сафӣ (Акс аз Олим Ширинов)

Гулрухсор Сафӣ (Гулрухсор Сафиева) аз адибони номии тоҷик аст.

Дар бораи Гулрухсор навиштан чандон осон нест, ки шояд  дар назари аввал менамояд.  Дар бораи ӯ қариб тамоми пешвоёни муосири адабу фарҳанги минтақа онҳое, ки ҳамвазни Гулрухсор мебошанд, суханҳое гуфтаанд.

Чингиз Айтматов, нависандаи оламшумули қирғиз Гулрухсорро чунин сифат кардааст: «Тахти шоирӣ дар сарзамини тоҷикон аз замонҳои қадим баланд буда, хоҳишмандони бар ин тахт нишастан низ кам набудаанд. Аммо дарёдилоне ҳастанд, (беҳтаринҳоро миллат меофарад, бадтаринҳо душмани миллатанд) дарёдилоне, ки орзуи расидан ба тахти баланди шоирӣ шоистаи ному нишон ва истеъдодашон аст.

Инҳо шоирони асил ва офаридагони сарнавиштанд. Вале чунин шоирон ҳам пеш аз оне, ки дар адабиёт бо суннатҳои ҷаҳонӣ арзиш дошта бошанд, бояд аз мактаби сахт мушкилписанди озмоиши ҳамоҳангии сухан ва андеша бигзаранд.

Бо вуҷуди ин ҳама душвориҳо Гулрухсор шоистагии онро ба даст овардааст, ки дар боғи шоирони миллати тоҷик, ки сарнавишт онҳоро офаридааст, сухансаро бошад…»

Маҳди Ахвони Солис, шоири тавони муосири Эрон ҳануз 20 сол қабл дар васфи Гулрухсор чунин гуфта буд:
Ба шоми мо ғарибон
              чун шафақ гул кард,
  
                                    Гулрухсор,
Саморо пуршамими сирри сунбул кард,
  
                                                                Гулрухсор.

Даҳҳо шоирони тавонои форсу тоҷик аз Машҳад то Ландан дар бораи Гулрухсор чакомае сурудаанд.

Ҳунари Гулрухсорро адибони бешуморе дар паҳнои собиқ Шӯравӣ сутудаанд. Ҳамаи ин дар маҷмӯаи «Тӯфон дар ғунча» ҷамъоварӣ шудааст…
Ба худ иҷозат додан, ки дар бораи Гулрухсор менависам, берун аз ҷасорат нест. Ҷасорате, ки ду маъно дошта метавонад, ё аз ду манба сарчашма мегирад: хеле хуб шинохтани Гулрухсору муҳаққиқи хуби адабиёт будан, ё аз рӯи меҳру муҳаббат бо осору фаъолияти ӯ. Даъвои муҳаққиқи осори Гулрухсор буданро надорем, аммо бо осори ӯ, фаъолияти ӯ холисонаву содиқона муҳаббат дорем.

Гулрухсор замоне нумӯ кард, ки на ҳар адиб тавони онро дошт, ки ба сатҳи Гулрухсор бирасад. Замоне, ки давраи Муъмин Қаноат буд, замоне, ки Лоиқ Шералӣ гули сари сабади маҳфилҳо буд, солҳое, ки шеъри Бозор Собир бо услуби ба худ хосаш тантана дошт. Бузургии шеъри чандин шоирони номвари дигар дар адабиёт соя андохта буд. Лаёқат, талош, ҳунар ва пайкори Гулрухсор боис гардид, ки дар миёни ин ҳама бузургон ӯ мақоми худро ёфт. На танҳо чун як шоир, як адиб, балки муборизи роҳи озодӣ, адолатхоҳ ва фаъоли ҷомеаи шаҳрванди гардид. Чаро бояд ба ӯ ҷойгоҳеро қоил шавем? Метавон, дар чанд банд чунин тавзеҳ дод.

Аввал, Гулрухсор ҳамчун як талош, як меҳнат ва як пайкор. Барои як духтари тоҷик аз деҳаи дурдасти кӯҳистон то мақоми шахсияти сатҳи як империя, то Раиси Бунёди фарҳанги Иттиҳоди Шӯравӣ расидан роҳе осон набуд, ин роҳ чӣ миқдор талош, ирода ва ҳаракат мехост! Ва Гулрухсор ин роҳро паймуд. Худи ҳамин як корномаи бузург буд, як қаҳрамонӣ буд.

Дуюм, Гулрухсор ҳамчун ҷасорат, ғайрат, мардонагӣ. Дар таърихи муосири тоҷик мо камтар занро медонем, ки ин ҳаҷми ғайратро дошта бошад, ин сатҳи ҷасоратро дошта бошад. Чӣ дар давраи Шӯравӣ ва чӣ дар даврони истиқлол. Чӣ қадар печу хамҳоро дид, бо таҳдидҳо ва бо марг борҳо рӯбарӯ шуд, вале ҷасорати ӯ кам нашуд. Балки зиёд шуд. Хусусан, достонҳо ва романҳои ахири ӯ саршор аз ҷасорат аст. Фақат ҷасорат метавонад чунин осор офарад.

Сеюм, Гулрухсор тавонист, ки ҳамчун худшиносӣ, ҳамчун рӯҳи миллӣ ва ҳамчун ғурури миллӣ таҷассум гардад. Вақте, ки Гулрухсор «миллат» мегуфт, вақте Гулрухсор «забони модарӣ» мегуфт, вақте ки Гулрухсор «ватан» ва «Тоҷикистони мустақил» мегуфт, бисёриҳо аз гуфтани ин калимаҳо сахт ҳарос доштанд. Вақте, ки ҳама «Ватанам СССР» замазама мекраданд, Гулрухсор бо тамоми шукӯҳаш «Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар ман ватан аст» мегуфт. Зери лаб намегуфт, дар минбарҳои баланд мегуфт, ошкоро мегуфт.

Ин аст, ки Гулрухсор барои як насл рамзи ватан, рамзи худшиносии миллӣ, рамзи эҳёи фарҳанги миллӣ ва рамзи истиқлолияти Тоҷикистон буд. Ва чунин мемонад. Маҳз ӯ ва чанд ҳамсафи ӯ паёми истиқлолиятро аз умқи низоми Шӯравӣ барои насли ахири замони Шӯравӣ доданд. Аз ин рӯ, таърихи истиқлолият бе Гулрухсор тасвир кардан имкон надорад…

Чаҳорум, Гулрухсор чун озодӣ ва озодагӣ. Озод будан ва мустақил будан барои ӯ як арзиши меҳварии зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Ашъори ӯ, гуфтори ӯ ва зиндагии ӯ пур аз озодист. Бисёр азиятҳое, ки ӯ аз зиндагӣ ва аз ҳамватанон дидааст, маҳз барои истиқлол ва озодии ӯ будааст. Ва ин ки озодфикр будан дар ҷомеаи ғуломтабиат чӣ сахт аст, маҳз Гулрухсор медонад. Ва ин байт шояд тамоми фоҷеаи ӯро ба тамоми умқаш ба тасвир кашидааст:

Ҳар киро санге ба даст ояд, маро гирад нишон,
Зинда бодо пайкари обод дар вайронагӣ.

Ба санъати шеъри ӯ доварӣ намекунем, чун ин салоҳиятро надорем. Вале бегумон, паёми шеъри ӯ, хусусан, паёми озодагию истиқлоли фикрӣ барои мо ҳамеша муҳим боқӣ мемонад.

Панҷум, Гулрухсор ҳамчун фарҳанг, бо ҳамаи маънои ин калимаи бузург. Бисёриҳо сиёсатро ба фарҳанг меоранд ва фарҳангро маҷрӯҳ мекунанд, вале Гулрухсор фарҳангро ба сиёсат бурд. Ин бонуи фарҳанг умре аз фарҳанг гуфт, умре бо бефарҳангӣ набард кард. Ва дуруст аст ин байти Гулрухсор, ки мегӯяд:

Охирин ҷанге, ки тоҷик метавонад кард андар ҳифзи худ,
Ҷанг бо фарҳанги бефарҳанг хоҳад буд.

Агар касе Гулрухсорро аз наздик шиносад, медонад, ки фарҳанг барои ӯ шиор нест. Балки фарҳанг ҳастии ӯст, зоҳиру ботини ӯро фаро гирифтааст. Маҳз Гулрухсор буд, ки маҷаллаи «Фарҳанг»-ро таъсис намуд ва «Бунёди фарҳанг»-ро ташкил кард. Гарчӣ имрӯз ӯ дар ин масъулиятҳо нест, вале бе ҳеҷ шакке, худи Гурлухсор «Маҷаллаи фарҳанг» аст, худи ӯ «Бунёди фарҳанг» аст…

Ва ниҳоят, Гулрухсор ҳамчун зан, ҳамчун бону, ҳамеша саршор аз латофат ва волоӣ буд ва ҳаст. Гарчӣ ӯ дар ҷасорат, дар ғайрат мардтар аз мардҳост, вале дар латофат ҳамоно бо ҳама маъно ЗАН боқӣ мондааст. Ҳамеша зебо, ҳамеша ҷавон… ӯ модели элитарии зани тоҷикро офарид…

Бо ҳамаи эҳтиром ба занони фаъоли ҷомеа, бояд эътироф кард, ки дар ин самт низ дигар дар ин сатҳ касе ба саҳна наомад. Аз ин рӯ, Гулрухсор то имрӯз сатҳи зани тоҷик аст, намунаи олии зани тоҷик боқӣ мемонад…

Хулоса, ин аст рамзи эҳтироми амиқ ва дилбастагии як насли тоҷик ба Гулрухсор.
Ва агар имрӯз ба сухани баъзе суханварон навзуҳӯр дил намебандем, иллат он аст, ки моро Гулрухсор бо сухани баланд тарбият намудааст.
Ва агар имрӯз мо фарҳанги беҳуввиятию бешахсиятиро писанд намедонем, аз он аст, ки Гулрухсор моро дар рӯҳи озодагӣ ва худшиносӣ парвардааст.

Ва агар имрӯз мо бо пастиҳо дар фарҳанг канор намеоем, аз он аст, ки Гулрухсор моро бо фарҳанги баланд унс додаст. 
Ва агар насли оғози истиқлол аз пастии тафаккури ҷомеа азоби рӯҳӣ мекашад, сабаб низ дар он аст, ки Гулрухсор бо фикри баланд одат додааст.

Ин аст, ки ба чизе камтар аз Гулрухсор қаноат накардан, ба чизе пасттар аз Гулрухсор розӣ нашудан, чизе пасттар аз Гулрухсорро написандиданд, меъёри равшандилоне гардидааст…

Ин бонуи ҳунар 17-уми декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод (собиқ Комсомолобод) ба дунё омадааст. Соли 1968 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог хатм мекунад.

Фаъолияти кориашро ҳамон сол дар вазифаи мухбири рӯзномаи «Комсомолии Тоҷикистон» шурӯъ мекунад. Як муддат аз соли 1969 то соли 1970 мудири бахши фарҳанг ва матбуоти Кумитаи Комсомолии комсомоли ленинии Тоҷикистон мегардад.

Дар сини 23-солагиаш дар соли 1970 сармуҳаррири рӯзномаи «Пионерии Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» таъин мешавад. То соли 1981 сармуҳаррии «Пионерии Тоҷикистон» буд.
Солҳои 1981-186 котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва баъдан дар солҳои 1987-1993 дар вазифаи Раиси бунёди фарҳанги Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Дар ин миён дар солҳои 1989-1991 вакили халқии СССР ва узви Шӯроии олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб мешавад. Он солҳо маҷаллаи «Фарҳанг»-ро ба роҳ мемонад, ки аз маҷаллаҳои бонуфӯзи Тоҷикистон маҳсуб меёфт.

Тибқи навиштаи муҳақиқони осори Гулрухсор аввалин шеъраш ба унвони «Баҳор» дар соли 1962 эҷод гардидааст. Ҳамон сол як шеъраш «Тоҷикистон» дар нашрияи ноҳиявии Ѓарм «Қартегини советӣ» ба нашр мерасад.

Соли 1970 аввалин маҷмӯаи шеъриаш бо номи «Бунафша» бо пешгуфтори Боқӣ Раҳимзода ба чоп мерасад. Минбаъ осори ӯ «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав» (1975), «Афсонаи кӯҳӣ» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1980), «Оташи Суғд» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984 бо ҳуруфи форсӣ), «Сипар «(бо ҳуруфи форсӣ) «Оинаи рӯз» (1984), «Шабнам» (1986), «Рӯҳи Бохтар» (1987), «Қасидаи кӯҳистон» (1988), «Тахти сангин» (1992), «Зодрӯзи дард» (1995), «Дар паноҳи сояи худ» (1998), «Рӯзномаи берӯз» (2000), «Зан ва ҷанг» (2000, 2004, 2013), «Девон» (2004), «Биҳишти хобҳо» (2004), «Девон» ( 2006), «Сад барги ғазал» (2007), «Ҷовидона» (2009) «Шӯъла дар санг» 2011, « Таронаи Ватан» (2011) ва ғайра ба нашр мерасанд.

Романи ӯ «Сакарот» (2009) бо нигориши хос эҷод гардидааст, ки дар асли худ беҳамто аст. Гулрухсор ҳам дар назм ва ҳам дар наср устод мебошад.

Осори ӯ бо даҳҳо забон тарҷума ва нашр гардидаанд. Аз ҷумла дар Арманистон, Русия, Олмон, Эрон, Люксембург ва ғайра нашр шудааст.

Маҳфилҳои шеъраш дар Вашингтон, Димишқ, Париж, Амстердам, Брюссел, Эдинбург, Лондон, Франкфурт, Люксембург, Берлин, Кобул, Алҷазоир, Масква, Теҳрон ва чандин шаҳри дигар баргузор шудааст.

Дар нашри осори шоирони классик низ саҳм гузошта, таҳқиқоти илмӣ низ гузарондааст. Чандин осори барҷастаи Шӯравиро ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр кардааст.

Ҳанӯз соли 1971 ба узвияти Иттифоқи нависандагони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шудааст.

Дар замони Шӯравӣ барандаи ҷоизаҳои Комсомоли Ленинии Тоҷикистон (1976), Комсомоли Ленинии Умумииттифоқ (1978) гардидааст. Доранаи унвони Шоири халқии Тоҷикистон (1999), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2003), барандаи Ҷоизаи амрикоӣ ба номи Ҳ.Ҳаммет (1994), нишони тиллоии ба номи Пушкин (1990) мебошад.

Ин ҳама танҳо як бахши кӯчак аз фаъолияти Гулрухсор аст…

Copyright © 2014 TojNews