Ҳарамгули Қодир

Аз миёни ҳама бонувони журналист, ки мешиносем, аз ҷасуртаринҳост ва ҳатто баъзан ба мавзуъоте даст мезанад, ки кам касон ҷуръати инъикосашро доранд. Ва шояд мисли ҳама касоне, ки урён сухан мекунанд ва ҳарф мезананд, дўстони каме дорад. Чун ҷомеаи имрўз тавони бардошти сухани ҳақро надорад. 

Ҳарамгули Қодирӣ 1-уми сентябри соли 1976 дар деҳаи Каленини (ҳоло Панҷрӯд) ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. Падараш умре механики хоҷагӣ будааст, модараш бидуни диплом, вале бонуи донишманди рустост, ки  11 фарзанди солимро ба камол расонд ва аз онҳо се писараш ҳоло мардони баркамоли низомианд.

Замоне, ки дар мактаби миёна таҳсил мекард, шавқи беандоза ба варзиш дошт ва дар мусобиқоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ миёни мактабиён оид ба давидан, тениси рӯйи миз ва волейбол ширкат мекард.

Ҳарамгул худро аз бачаҳои замони ҷанг медонад ва мегӯяд хатми мактаб барои мо ба оғози ҷанги дохилӣ рост омад. Ва боз ин ки барои як духтари деҳотӣ мушкил буд дар чунин солу замони ноамнӣ ва боз аз чанголи хостгорҳои зиёд халос шудану ба пойтахти кишвар талоши дохил шудан ба мактаби олӣ кунад. Аз сӯйи дигар бародаронаш низ донишҷӯ буданд ва дигар буҷаи хонавода ба таҳсили ӯ намерасид. Ин буд, ки муддате дар хоҷагӣ кори деҳқонӣ кард ва танҳо баъди 7 соли хатми мактаби миёна ба коллеҷи таърих ва ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб дохил шуд. Баъдан, аниқтараш соли 2001 ба Душанбе омад ва ба Донишгоҳи забонҳои ба номи Сотим Улуғзода ба таҳсилаш идома дод.

Инсонҳо на ҳамеша ба орзуи дили худ мерасанд. Ҳарамгул низ аз оғоз мехост шарқшинос шавад, чун ба омӯзиши забон рағбати беандоза дошт. Ҳатто соли 1996 аз хона фирор кард, то худро ба орзу расонад. Вай ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллӣ супурд. Вале ҳарчанд аз имтиҳонот гузашт, аммо холҳои хеле кам насибаш шуд ва ноком монд.

Ҳарамгул рӯйдоди такондиҳандаеро ҳам аз ин ин рӯзгор нақл мекунад, ки баёнгари фазои ноамн ва ҳокимияти силоҳ дар пойтахт буд. Мегӯяд бархӯрд бо се силоҳдор, ки садди роҳаш шуда буданд, билохира ӯро водор кард, бидуни диранг ба деҳа баргардад, чун медонист, ки шонси вуруд ба донишгоҳ ҳам надорад.  Баъди бозгашт ба деҳа аз тарс бемор шуд ва ин беморӣ аз сӯйе хуб ҳам шуд, ки падараш ҷазои фирор аз хонаро ҳам надод.

Соли дигар хост ҳуқуқшинос шавад ва боз ҳам аз тақдир рӯзи имтиҳон ба макони он дер расид ва билохира шонси худро дар журналистика санҷид, аммо тағйири бидуни огоҳии рӯзи имтиҳон боис шуд, ки вай ба факултаи филология дохил шавад ва онро соли 2008 хатм намуд.  Баъдан то соли 2013 дар аспирантура низ таҳсил кард, орзуи корманди илмӣ шудан ҳам дар дил дошт.

Аммо журналистӣ ҳам тасодуфе дошт. Дар як озмуни телевизионӣ ширкат кард. Муддате дар радио ҳам барнома менавишт ва ҳам наттоқӣ мекард. Чун садои бурро дошт, гузоришҳои вежаро мехонд. Аз Ёрмуҳаммади Сучонӣ миннатдор аст, ки дар радио дасташро ба кор рост кардааст. Бо дастгирии Ёрмуҳаммад мақолаҳояш ба матбуот, бахусус ба ҳафтаномаи “Нерӯи сухан” роҳ ёфтанд,

Ва акнун касе намегӯяд Ҳарамгул журналисти тасодуфист, зеро тасодуф дар интихоби роҳ буд, ҳоло ҳирфаитар аз ӯ каманд журналистон. Солҳост, ки менависад ва ҳамеша аз дард менависад, аз мушкилоти мардум менависад. Шояд дар миёни журналистон аз маъдуд касоне бошад, ки бо вуҷуди навиштан аз мушкилот ва даст задан ба мавзуъҳои баҳсдор Ифтихорномаи Маҷлиси Намояндагонро ҳам гирифтаасту, дипломи Вазорати фарҳанг, Иттифоқи журналистон, Кумитаи занонро низ. Аълочии фахрии Вазорати маориф ва илм аст.

Ўро миёни ҷабҳаи ҷанг ҳам дидаанд, ки бе сарафкандагӣ пеш меравад, чун расолаташро дар ҳамин ростӣ мебинад. Агар гаваккашону пинҳон равад, он манзараро намебинад ва агар набинад чиро бояд нависад?

Қалами Ҳарамгул аз навиштани сухани дурўғ ва тасвири ноҷо мешиканад ва инро медонад, аз ин рў дар Тавилдарае, ки тир меборад ва ҳар лаҳза хатар ба ҷон таҳдид мекунад, сарбаланд меравад, то манзара аз чашмаш пинҳон намонад. Ҳамин аст, ки гузориши ўро мехонанд, чун воқеъият эҳсос мешавад.
Ба номаш аз зиндониён кандакорӣ хотира меояд ва чандин тани ҳунарманде, ки тақдири талх аз азизону пайвандонашон ҷудо кардааст, ўро, ки зуд-зуд аз ҳолашон хабар мегирад, хоҳар хондаанд. Ва беҳтарин дороии худ, ҳамин як чўби гулкорикардаро барояш мефиристанд. Ҳарамгул дар навиштаҳояш талаби озодии онҳоро накардааст, балки ду-се ҳарфи самимӣ ба муроди дилашон гуфтааст. Ва онҳо ошиқу толиби ин суханонанд ва ба ҷойи хоҳарашон як лутфи бародарӣ мекунанд. 

Вай бо вазире суҳбат мекунад, ки ҳар дам мекўшад аз посухи як савол гурезад, вале намедонад, ки саволи баъдии ў мушкилтар аз пурсиши аввалаш аст. Аммо куҷо гурезад, бояд посухаш диҳад…Ва Ҳарамгул ҳам то посухи саволашро нагирад, аз утоқи кории ӯ ҷойе намеравад.  

Таъна ҳам заданд, ки дар нашрияи обрўманди «Нигоҳ» таҷриба омўхту билохира ба «Ҷумҳурият» рафт ва ҳукуматӣ шуд. Шояд касе ин гуна менависад, намедонад, ки журналист набояд ҳукумативу ғайриҳукуматӣ шавад. Балки журналист дар ҳар ҷо бошад, ҳамон як расолат дорад. Ҳарамгул дар «Ҷумҳурият» ҳам Ҳарамгул монд, тафаккури ў дигар нашуд, вай аз «Нигоҳ» на барои он рафт, ки «ҳукуматӣ» шавад, балки хост ба расолати худ идома диҳад. 

  Ва ниҳоят: аз ҷумлаи аввалин жуналистонест, ки дар парвандаи Ҳоҷӣ Ҳалим трибунали ҳарбӣ мавриди пурсиш қарор додааст. Ва борҳо ба мақомот даъват шудаву хостаанд далели ширкаташ дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалим ва парвандаи наҳзатиҳоро биёбанд. Вале наёфтанд, чун Ҳарамгул агар ҳар коре кардааст, дар ростои иҷрои расолати журналистии худ кардааст ва на аз ин беш. Аммо хеле бори туҳмату надоматро ҳам таҳаммул кардааст. Қалбаш бардошти ин фишорҳоро доштааст ва имрӯз ҳам бо ҳамон сарбаландӣ ва салобати ба худ хос менависад...