Ҳайдар Сафиев

Академик Ҳайдар Сафиев 5-уми феврали соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Ҳайдар Сафиев аз ҷумлаи мутахассисони шинохтаи кишвар дар соҳаи химия ва технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ аст, ки аввалин шуда дар Тоҷикистон ба таври мунтазам дар муддати 35 сол таҳқиқоти комплекиси коркарди ашёи минералӣ ва партовҳои саноатиро ба роҳ мондааст.

Вай соли 1956 ба мактаби миёнаи №2 шаҳри Кӯлоб дохил шуда, соли 1966 мактаби миёнаи №5 ин шаҳрро бо медали тило хатм кардааст.

Пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1966 ба Иниститути политехникии Тоҷикистон дохил шуда, баъди се соли таҳсил ба Иниститути политехникии шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина гузаронида мешавад.

Соли 1972 Донишгоҳи политехникӣ ва Донишгоҳи патентшиносии шаҳри Киевро бо дипломи аъло ба охир мерасонад.

Аз соли 1972 то 1973 ба сифати лаборант, ассистенти кафедраи кимиёи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз соли 1973 то 1977 аспирант, ходими илмии Донишгоҳи политехникии шаҳри Киев шуда, кор кардааст. Соли 1977 рисолаи номзадиашро дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белоруссия дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои техникӣ гардид.

Аз соли 1977 то 1982 ба ҳайси муаллими калон ва мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ифои вазифа кардааст.

Аз соли 1982 то соли 1987 вазифаи муовини мудири шӯъбаи илм, техника, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Аз соли 1987 то 1998 ба сифати мудири шӯъбаи коркарди ашё ва партовҳои саноатии Пажӯҳишгоҳи кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, ҳамзамон дар ин давра соли 1997 рисолаи докториашро ҳимоя мекунад.

Аз соли 1998 то соли 2001 ба ҳайси муовини Сардори шӯъбаи техникии заводи алюминийи Тоҷикистон кор кардааст.

20-уми сентябри соли 2001 ба вазифаи Саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Вай ҳамзамон, солҳои 2000-2010 узви Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2001 то соли 2005 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикитсон кор кард.

Аз соли 2006 то соли 2009 ба ҳайси Мушовири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои илм ва технологияи муосир фаъолият мекунад.

Аз 20-уми ноябри соли 2009 инҷониб директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия”-и КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” мебошад.

Бо Қарор Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия соли 1991 унвони ходими калони илмӣ, соли 1997 унвони доктори илми кимиё ва соли 1999 унвони префессориро соҳиб шудааст.

11-уми феврали соли 2000 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва интихоб шудааст. Аз ноябри соли 2014 узви пайвастаи АИ ҶТ мебошад.

Ҳайдар Сафиев муаллифи зиёда аз 350 корҳои илмӣ буда, аз он ҷумла 12-тояш монография ва китобҳои дарсӣ мебошанд.

Дастовардҳои илмии Ҳайдар Сафиев бо зиёда аз 30 шаҳодатномаи муаллифии СССР, патентҳои Авруосиёгӣ, патентҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.

Таҳти роҳбарӣ ва мушовараи ӯ 8 диссертатсияи номзадӣ ва 4 докторӣ ҳимоя шудааст.

Соли 2001 бо Ҷоизаи давлатӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва технология сарфароз гадид.

Соли 2002 барандаи Ҷоизаи байналмилалии ЭКО оид ба илм ва технология шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Copyright © 2014 TojNews

Назарҳо

Ба кавли А. Рахмонов агар аз хамин академик ба забони точики диктант гиред, як чумлаи дурусти точики навишта наметавонад.