Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, номзади илмҳои филологӣ, аз чеҳраҳои шинохтаи мазҳабӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Ӯ 10-уми июни соли 1955 дар деҳаи Ростровути ноҳияи Ғончӣ ба дунё омада, соли 1973 мактаби миёнаи деҳаашро хамт мекунад.

Солҳои 1973-1978 дар мадрасаи “Мири Араб”-и Бухоро таҳсили улуми динӣ кардааст.

Дар замони Шӯравӣ баъди хатми мадраса имомхатиби масҷиди ҷомеи “Ғулакандоз”-и ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов пешавад. Аз соли 1978 то соли 1990 ба муддати 12 сол дар он ҷо кор кардааст.

Соли 1990 барои таҳсил ба Либия меравад. Ду сол дар факултаи улуми қуръонии Донишгоҳи байналмилалии исломии Либия таҳсил мекунад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар ибтидои соли 1993 сархатиби масоҷиди вилояти Ленинобод-ҳоло Суғд- интихоб шуда, аз соли 1994 ҳамчун сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин ва ҳамзамон ноиби муфтии мусалмонони Тоҷикистон адои вазифа кардааст.

 Аз моҳи майи соли 1997 инҷониб Раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд, сархатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин ва дар як вақт муовини Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, то кунун дар ин мақом адои вазифа мекунад.

Беш аз 100 мақолааш дар матбуот нашр шуда, зиёда аз 300 барномаю суҳбатҳояш дар мавзӯъҳои гуногуни динӣ  ва панду ахлоқӣ дар телевизионҳои давлатӣ ва маҳалӣ нашр шудаанд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода муаллифи ҳашт китоб бо номҳои “Гавҳари имон мафурӯш” (1997), “Бунёди оила дар ислом” (1998), “Сию се суҳбати судманд” (2001), “Ҳазрати бузургвор” (2001), “Маъхаз-ул-маъонӣ аз оёти қуръонӣ” (2004), “Ҳаҷнома” (2007), “Табйин-ул-ҳақоиқ” (2008), “Анвор-ул-мактубот” (2009), “Мазҳаб ва соҳибмазҳаб” (2011) мебошад.

Соли 2004 дар заминаи китобашон “Маъхаз-ул-маъонӣ аз оёти қуръонӣ” дар мавзӯи “Усули истифодаи оёт ва қиссаҳои қуръонӣ дар “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Румӣ” рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади улуми филологӣ дифоъ намудааст.  Айни замон китоби нави Мӯсозода таҳти унвони “Илм дар тасаввуф” дар дасти чоп аст, ки таҳқиқоти наве дар пажӯҳиши тасаввуфшиносӣ ба шумор меояд.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст. 

Copyright © 2015 TojNews