Ҳошим Гадо

Ҳунарпешаи маъруфу нотакрори соҳаи театри тоҷик Ҳошим Гадо 10-уми майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. 

Соли 1960 Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои театрии Маскав (ГИТИС) ва соли 1965 курсии олии коргардонии театр дар назди ҳамин донишгоҳро ба итмом расонидааст.

Аз соли 1961 дар Театри академии ба номи А. Лоҳутии Тоҷикистон аввалҳо ба сифати ҳунарпеша ва дертар ҳамчун коргардон фаъолият мекунад.

Асарҳои зиёдро рӯи саҳна ҳамчун коргардон овардааст, вале беҳтарини онҳо “Эдип” мебошад, ки зиёда аз сад бор иҷро гардидааст.  Ин асари маъруф, ки Ҳошим Гадо ба саҳна гузошта буд, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Маскав низ намоиш дода шуда, аз ҷониби муқарризони театр баҳои баланд гирифта, барои ин асар ҳунарпешаи тоҷик соли 1987 Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравиро сазовор шуд ва метавон гуфт, ин ягона асари саҳнавии драматургии тоҷик буд, ки ин ҷоизаи пурифтихорро гирифтааст. 

Соли 1988 Ҳошим Гадо ба унвони баланди Ҳунарпешаи мардумии ИҶСШ (СССР) муносиб дониста шуд ва ин ҳам як навъ эътибор ва эътирофи ҳунарпешаи тоҷик на танҳо дар саҳна, балки дар синамо ҳам мебошад, зеро ӯ дар бештар аз 50 филми ҳунарии коргардонҳои тоҷик ва дигар кишварҳо нақшҳои умдаро бозидааст.

Машҳуртарин кори ҳунарпеша дар синамо, ки қариб ҳар тоҷик медонад, ин бозидани нақши Суҳроб дар филми ҳунарии “Рустам ва Суҳроб” аз силсилафилмҳои коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров аз асари мондагори Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” мебошад.

Барои иҷрои ин нақш соли 1973 Ҳошим Гадо ба Ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ муносиб гардид.  Ин ва дигар нақшҳои Ҳошим Гадо дар театр ҳам хеле ҷолиб ва фаромӯшнопазир мебошанд.  Аз ҷумла, симоҳои Ҳамлет, Хлестаков, Эдип ва Исмоили Сомонӣ дар иҷрои Ҳошим Гадоро мухлисони саҳна дар ёд доранд.

Соли 2008 бахшида ба ҷашни сардафтари адабиёт Абӯабдулло Рӯдакӣ намоишномаро Ҳошим Гадо ба саҳна гузошта буд.

Ҳошим Гадо муаллифи 11 китоб, аз ҷумла, “Розҳо”, “Ассо”, Танҳо”, “Андешаҳо”, “Кунҷ”, “Суҳроби ман” мебошад.    
Профессор Ҳошим Гадо дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебо аз санъати актёрӣ низ дарс медиҳад ва шогирдон ва пайравони зиёде дорад.

Мутаассифона, ҷашнҳои мавлуди 50, 60, 70 ва 75 –cолагии ин ҳунарпешаи нотакрор “фаромӯш” шудааст. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?