Ҳуриннисо Ғаффорзода

Ғаффорзода Ҳуриннисо Каҳҳордухт (Муътабари Раштӣ) аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва адиби пуркор мебошад.

Ӯ 3-юми марти соли 1958 дар ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) таваллуд шудааст.

Вай таълимоти ибтидоиро дар зодгоҳаш дар мактаби №23-и деҳаи Нимич аз худ карда, баъди он барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе омадааст

 Ҳуриннисо Ғаффорзода соли 1977 ба факултаи филолигия Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, соли 1981 онро  бо ихтисоси филолог хатм мекунад.

Ҳамзамон дар давраи донишҷӯияш соли 1979 Колеҷи тиббии шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1981 ин муассисаи тиббиро хатм кардааст.

Дар солҳои донишҷӯияш аз 1979 то 1980 хабарнигори маҷҷалаи «Машъал» буд. Баъд аз хатми Донишкадаи омӯзгорӣ ва Колеҷи тиббӣ аз 1981 то 1994 дар муассисаҳои давлатӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар Комсомолобод (Нурободи ҳозира), ноҳияи Вахш, ш.Роғун ва пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз соли 1995 бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ кор мекунад. Соли 1995-1996 Корманди Ташкилоти байналхалкии Relief International (СММ) доир ба рушди сиёсати иҷтимоии занон дар Тоҷикистон буд. Баъди он, як сол дар вазифаи мушовири ташкилоти байналхалқии «Royse»/дар Қирғизистон ва солҳои 1997 то 1999 Муовини раиси Бунёди Фарҳанги Тоҷикистон адои вазифа кардааст.

Дар чандин ташкилотҳои байналмилалӣ ҳайси коршинос, муррабӣ, координатори (ҳамоҳангсоз) ҳамкорӣ доштааст.

Дар масъалаи “Иштироки зани мусалмон дар ҳалли низоъҳо, дар намунаи Тоҷикистон” пажӯҳиши илмӣ анҷом додааст.

Ҳоло роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии Маркази Дасгирии Ҷомеъаи Шаҳрвандии “Оштии Миллӣ” мебошад.

Бо тахаллуси Муътабари Раштӣ 8 китоби назмиву насрии ӯ рӯи чоп омадааст. Инчунин, муаллифи зиёда аз 50 мақоллаҳои илмию таҳлилӣ доир ба мавзӯъҳои “Ҳалли ихтилофҳо дар намунаи Тоҷикистон”, “Ҳуқуқҳои сиёсии занон дар раванди ҷомеъаи шаҳрвандӣ”, “Ислом ва демократия”, “Ҳуқуқҳои зан дар оила аз нигоҳи ислом”, “Равандҳои ташакулёбии демократия дар Тоҷикистон”, “Роҳҳои пешгирии ихтилофҳхо дар ҳавзаи Осиёи Миёна”, “Раванди Ҷомеъаи шарҳвандӣ аз нигоҳи васоити ахбори омма” ва ғайра мебошад.

Навиштаҳои ӯ дар расонаҳои муътабари хориҷӣ нашр шудаанд. Иштирокчии якчанд конфронс ва ҳамоишҳои илмию сиёсӣ дар ИМА ва кишварҳои Аврупову Осиё будааст.

Хонум Ғаффорзода аз ҷумла бонувони фаъоли сиёсиест, ки ду маротиба тайи солҳои 2000 ва 2005 номзадиашро ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон пешниҳод кард.

Дар соли 2005 пайвастанаш ба Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро иштибоҳ хонда, гуфта буд бо далели набуди эътимод ба қудратмандии ҳизби сотсиал-демократ барои пешбурди ҷомеа аз узвияти ин ҳизб даст мекашад.

Хонуми Ғаффорзода ба ғайр аз ин дар Маркази ҷомеаи шаҳрвандии Рашт ва ташкилоти Коунтерпарти Тоҷикистон фаъолият дошта, ҳамоҳангсози барномаи "Таҳсили духтарон дар Тоҷикистон" буд. Вай соли 2010 дар як мусоҳабааш бо ББС гуфта буд, ки  тавоснистааст ҳудуди 350 духтарро, ки тарки мактаб карда буданд, дубора ба идомаи таҳсил баргардонад.

Дар интихоботҳои кишварҳои гуногун аз ҷумла Норвегия, Қазоқистон, Қиргизистон чун нозири  байналхалқӣ ширкат кардааст.

Узви Конфедерасияи байналхалкии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Шӯрои директорони Ассотсиатсияи Миллии Созмонҳои ғайридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Copyright © 2016 TojNews