Мирзоҳусайн Бадалипур

Бо вуҷуди файласуф буданаш, дар риштаи диншиносӣ, низ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Бахусус пажӯҳишҳои ӯ дар самти “Қуръоншиносӣ”, тасаввуф ва омӯзиши ҳаёти уламоҳои маъруфи исломӣ дар Тоҷикистон бузург аст. 

Мирзоҳусайн Бадалипур (Элназаров Мирзоҳусайн Бадалиевич) 19-уми июли соли 1963 дар деҳаи Хеки ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №1-и ба номи Акашариф Ҷӯраеви ноҳияи мазкурро соли 1980 хатм намудааст.  

Соли 1981 ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ) дохил шуда, соли 1986 онро ба итмом расондааст. 

Баъди хатми Донишгоҳ муддате дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №40 шаҳраки Лолагии ноҳияи Файзобод ба сифати омӯзгори таъриху ҷомеашиносӣ ва таълими ҳарбию алифбои ниёгон кор кардааст. 

Соли 1993 таълим дар аспирантураи Шуъбаи таърих ва фалсафаи  Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳоро оғоз карда,  соли 1996 инҷоро хатм кардааст. 

Баъд аз хатми аспирантура барои кор ба Донишгоҳи миллӣ омада, то ҳол  ба ҳайси устоди кафедраи таърихи фалсафа, фарҳангшиносӣ ва таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултаи фалсафаи ДМТ фаъолият дорад. 

Мирзоҳусайн Бадалипур дар баробари устоди донишгоҳ будан, ҳамзамон дар ҷодаи илм ба қуръонпажуҳишӣ, таҳқиқу баррасии афкору осори фалсафӣ, тасаввуфӣ, ахлоқӣ ва фарҳангию динии мутафаккирони Шарқ машғул аст. 

То кунун се китоб бо унвонҳои «Кашф-ул-асрор» дар бораи Шайх Абдурраҳими Давлати Элокӣ (соли 2000), «Зиндагиномаи Ҳазрати Эшони Абдурраҳмон ҷониби Эшони Порсохоҷа» (соли 2003) ва «Муқаддимаи қуръоншиносӣ» (соли 2013) ба нашр расонидаааст.  

Бештар аз 100 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар мавзуоти мухталиф дар матбуоти даврӣ чоп намудааст. 

Мирзоҳусайн Бадалипур ба ҷуз омӯзиши фалсафа ва дин боз истеъдоди шоирӣ низ дорад. Ӯ бо тахаллуси “Меҳрварз” шеър менависад ва то ҳол 2 маҷмӯи ашъори худро бо номҳои “Чашмаи даво” (соли 2008) ва “Намози ишқ” (соли 2013) ба табъ расондааст. 

Сарояндаҳои маъруфи кишвар ба зиёда аз 15 шеъри ӯ оҳанг бастаанд. Бахусус шеъри навиштаи ӯ бо номи “Дар оғуши ту мемирам” дар иҷрои Нигина Амонқулова мухлисони зиёде пайдо кардааст. Навиштаи дигари ӯ “Диламро хун намудӣ, навиштам достони ту” низ аз ҷониби Нигина Амонқулова суруда шуда, соҳиби ҷоизаи “Суруди сол-2014” гардидааст. 

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.   

Copyright © 2015 TojNews