Нозим Меликов

Нозим Меликов 5-уми ноябри соли 1966 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Соли 1991 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси ҳунарманди театр хатм кардааст.

Баъд аз анҷоми таҳсил фаъолияти кориашро аз театри Аҳорун оғоз карда, то соли 2003 дар ин муассиса фаъолият намуд.                                                                                                              

Баъдан ба Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба кор гузашта, то имрӯз дар ин муассисаи фарҳангӣ ифои вазифа мекунад.

Нахустин намоишномаи таҳиякардааш дар саҳнаи театр “Шаби бепоёни фохтак” буд, ки аз ҷониби мухлисони театр хеле хуб истиқбол шуда буд. Намоишномаи мазкур аз рӯи асари драманависи эронӣ - Ҳамидризо Наимӣ таҳия шудааст.

Нозим Меликов то имрӯз зиёда аз 15 намоишнома таҳия кардааст, ки аксари онҳо дар ҷашнвораҳо соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Аз ҷумла намоишномаи "Иштибоҳ"-и Нозим Меликов дар панҷумин ҷашнвораи байналмилалии театрии “АРТ-ОРДО” дар шаҳри Бишкек соҳиби ҷоизаи  “Беҳтарин кори коргардонӣ” шуда буд.

Фаъолияти кории Нозим Меликов дар театр маҳдуд нашуда, инчунин ӯ дар чандин филмҳои тоҷикӣ аз ҷумла филми “Ширин” ва ғайраҳо нақш офаридааст.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.

Copyright © 2016 TojNews