Нозирҷон Ёдгорӣ

Нозирҷон Ёдгорӣ, нависанда ва журналисти тоҷик ба синни 60 расид.

Ӯ 10-уми феврали соли 1956 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Соли 1978 дар вазифаи ходими газетаи "Роҳи ленинӣ"-и собиқ вилояти Кӯлоб корро сар карда, баъдан тӯли 6 сол (1981-86) мухбир ва муҳаррири шӯъбаи Давлат ва сиёсати газетаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло"Ҷумҳурият") буд. Аз соли 2000-ум сардори Хадамоти матбуоти  ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошад.

Нахустин ҳикоя ва тарҷумаҳояш соли 1973 дар саҳифаҳои матбуот пайдо шуданд. Муаллифи маҷмӯаҳои қисса ва ҳикояҳои "Лаҳзаи тулӯъ" (1986), "Рӯ ба рӯшноӣ" (1988);). "Садди оташ" (1994; очеркҳо), "Зиндагӣ дар пояи ду кӯҳи намак (1995; очеркҳо), "Бӯсаи мор" (2002; қисса ва ҳикояҳо), «Бори вазнин, роҳи дароз» (2010; қисса ва ҳикояҳо), «Нурафзо»-дар бораи сиёсати энергетикии Тоҷикистон, «Роѓун-ҳамкори офтоб» ва асарҳои зиёди публисистӣ мебошад.

Ҳикояҳояш ба забонҳои русӣ, украинӣ тарҷума шуда, дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расиданд. Аз адиби рус В. Распутин қиссаҳои "Пул барои Мария" ва "Валентин ва Валентина", адиби эстон Маатс Трат романи "Рақси гирди деги буѓ" ва рӯҳшинос, нависандаи америкоӣ Дейл Карнеги рисолаи "Чи тавр ташвишу ҳаяҷонро пушти сар кунем?…-ро ба тоҷики гадонидааст.

Аз соли  1980 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1987Узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон аст.

Ба унвони «Аълочии матбуот» сазовор гардида, барандаи Ҷоизаи Лоҳутист.

Соли 2012 ба мукофоти давлатӣ - ба медали «Барои меҳнати шоиста» мукофотонида шудааст.

Copyright @2016 TojNews

 

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?