Нуриддин Давронов

Футболбози муваффақи тоҷик, ки берун аз кишвар низ маъруф гардидааст.

Нуриддин Давронов 16-уми январи соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Фарзанди ҳунармандони шинохта Аҳмедбек Давронов ва Ширинмоҳ Ниҳолова мебошад.

Давронов аввалин машқҳои футболро дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус омӯхтааст. Дар наврасиаш дар дастаҳои ҷавонони “Локомотив”-и Маскав, “Минск”-и Беларус, “Амкар”-и Перм ва “Энергетик”-и Душанбе бозӣ кардааст. 

Дурахши аввалини ӯ чун ситораи футбол дар ҳайати дастаи то 17-солаҳои Тоҷикистон ба чашм расидааст.

Соли 2006 дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст

Соли 2007 дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар сабқати ниҳоии ҷаҳонии футбол миёни наврасон дар Кореяи Ҷанубӣ ба дарвозаи тимҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (дар сабқати гурӯҳӣ) ва Перу (даври ҳаштякниҳоӣ) ду гол задааст. Ин бозиҳо тголҳои Давроновро ҳатто умеди раҳоии футболи тоҷик аз буҳрон меномиданд.

Соли 2009 Нуриддин Давронов дар синни 18-солагиаш ба дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе даъват шуд ва то ҳол ба ҳайси нимҳимоятгар дар ин даста бозӣ мекунад.

Дар ин байн соли 2013 ӯ як муддат ба дастаи “Слобод”-и Сербия рафт, аммо баъд аз як бозӣ бо дастаи “Борчи” ин дастаро тарк кард ва ба “Истиқлол” баргашт.

Дар ҳайати "Истиқлол", ки тарҳи Рустами Эмомалӣ, писарбузурги Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, солҳои 2009, 2010, 2013 ва 2014 барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.
Дар соли 2012 дар шаҳри Душанбе Ҷоми президенти АФК-ро гирифтаанд. 4 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон дар футбол мебошад.

Чанде пеш сомонаи ФИФА аз Нуриддин Давронов чун ситораи тобони футболи тоҷик ёд карда, ӯро Криштиан Роналдуи Тоҷикистон ном бурд.

Моҳи сентябри 2014 оиладор гардид. Маросими ақди никоҳи Давров бо ҳамсараш Парвина Қурбонова дар майдони футбол доир гардид.

Шояд шумо суол ё назаре доред?