Нуриддин Саидов

Нуриддин Саидов 25 ноябри соли 1956 дар деҳаи Навободи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дида ба олам кушодааст. Соли 1983 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории ба номи С.Айнӣ)-ро бо баҳои аъло хатм кардааст.

Аввалин фаъолияти меҳнатиашро чун омӯзгор бо роҳхати Вазорати маорифи кишвар дар кафедраи педагогика ва психологияи бахши қӯрғонтеппагии Донишкадаи педагогӣ оғоз намудааст. То соли 1988 дар ин боргоҳи илм машғули кор будааст ва баъд то соли 1991 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардаву рисолаи илмиашро дар мавзӯи “Масъалаҳои истеъдод дар таърихи фалсафа” («Проблемы способностей в истории философии») ҳимоя намудааст.

Солҳои  1991-1992 муаллими калони кафедари фалсафа ва илмҳои ҷамъиятӣ ва ноиби декани факултаи педагогии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав буд.
Аз соли 1992 то 2006 ассистент ва баъд дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буд. Дар соли 1999 докторантураи кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллиро хатм намуд.

Аз соли 2006 ба Вазорати маориф ба кор омад ва то моҳи январи соли 2008 сардори Раёсати маълумоти касбӣ ва баъд мактаби олии Вазорати маорифи Тоҷикистон буд.
Моли 2009 рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Таҳлили муқоисавии таълимоти Аристотел ва Ибни Сино дар бораи инсон” ҳимоя намуд. 

25 январи соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ таъин гардид. Аммо дар ин симмат камтар аз нӯҳ моҳ кор кард ва 10 ноябри ҳамон сол боз ҳам бо Фармони сарвари давлат ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шуд.
Дар соли 2010 вакили парлумон интихоб гардид.

Бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.

10 январи соли 2012 вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Нуриддин Саидов оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд мебошад.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?