Нуриддини Ҷаронӣ

Ҳунарманд ва шоири ориф. Касе, ки ҳунараш аз шеъраш ҷудо нест. Вақте аз Мавлоно ҳарф мезанад, шеъри худро мегӯяд ва чун шеър месарояд, мебинем, ки ҷомаи Мавлоно ба бар карда. Оне, ки театрро аз шаҳр ба русто кашидааст ва нобиғае чун устод Муъмин Қаноат аз ин ҳунар ин гуна ситоиш карда: “Театр аслан моли шаҳр аст. Вале имрӯз театрро бо тамоми касбият дар деҳот мебинем. Ин аз заҳмат, тавоноӣ ва ҳунари волои Нуриддин Ҷаронӣ шаҳодат медиҳад”.

Нуриддини Ҷаронӣ 24-уми декабри соли 1957 дар деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз дида ба олам кушодааст. Падараш боғбон ва модараш кадбонуи хона буд.

Соли 1976, баъди як соли хатми мактаби миёна ба шуъбаи актёри драма ва кинои Донишкадаи санъат дохил шудааст. Солҳои донишҷӯӣ аз устодоне чун Борис Владимирович Бибиков, Малика Ҷӯрабекова ва Ҳоҷиқул Раҳматуллоев дарси маҳорат омӯхтааст.

Фаъолияти кориашро соли 1980 дар театри шаҳри Қурғонтеппа оғоз кардааст. Маҳз дар ҳамин театр нақши Хизирхон аз драмаи Ғанӣ Абдуллоро, ки солҳои донишҷӯӣ орзу мекард бибозад, бозид. Ҳамзамон бо ин дар ин театр маҳорати коргардонии худро низ санҷид ва аввалин намоишномаҳои худро рӯи саҳна овард, ки яке аз онҳо “Ӯ дар байни мост” (аз рӯи асари шоир Сиёвуш Ҷунайдӣ) мебошад.

Ҷанги дохилӣ садҳо нақшаҳои эҷодии ӯро низ барбод дод ва қатори даҳҳо ҳунармандони варзида ӯро низ лозим омад аз маркази тамаддун ба музофот кӯч бандад. Вале танҳо нарафт, кӯлбори пур аз ғояҳои эҷодӣ ва нақшаҳои ҳунарии худро бо худ бурд.

Ҳунармандону эҷодкорони асил дар ҳар шароит барои худ коргоҳи эҷодӣ дуруст мекунанд. Нуриддини Ҷаронӣ низ дар рустои Сангевни ноҳияи дурдасти Дарвоз театри “Тавҳид”-ро таъсис дод ва аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ ҳайти эҷодӣ ба вуҷуд овард. Соли 2005  ин театр бо намоишномаи “Ҳидоят” аз рӯзгори Мавлонои Балхӣ ва Шамси Табрезӣ дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар фестивали театрҳои халқӣ ширкат кард ва дар миёни 24 театри касбӣ ҷойи аввалро гирифт. Нақши Мавлоноро дар ин намоишнома худи Нуриддин бозид.

Театри “Тавҳид” дар як муддати кутоҳ дар сар то сари вилоят шуҳрат касб намуд ва аз моҳ ба моҳи дигар барномаи он аз ҳисоби намоишномаҳои нав ғанӣ мешуд. Дар ин муддат “Тавҳид” соҳиби спекталҳои “Найе, к-аз ҷудоиҳо шикоят  дошт”, “Мазори ошиқон”, “Қурбонгоҳи ошиқон”, “Ҳикмати себ” шуд.

 Нуриддинро дар театри касбии тоҷик метавон падидаи нав номид, аз он ки талош дорад зербинои як театри миллиро поягузорӣ кунад. “Мактаби русро оид ба театр аз бар кардам.  Феълан тасмим дорам бо услуби хоси худ зербинои як театри миллиро эҷод намоям. Қолабшиканӣ кунам. Ҳарчанд медонам хеле сангин корест. Аммо тасмимам ҷиддист. Муваффақиятро дар иқдомам дар иртибот бо тамошогарон мушоҳида кардам. Хусусан дар намоишномаи ахирам “Ҳамсафарон”, ки аз рӯи ҳикояи “Хайр ва Шар”-и достони маъруфи “Ҳафт пайкар” - Ҳаким Низомии Ганҷавӣ таҳия шудааст”, - мегӯяд ӯ.  

 Нуриддини Ҷаронӣ на танҳо зиндагиро дар қолаби асарҳои саҳнавӣ ба тасвир мекашад, балки ҳарфашро ба сурати шеъри хонданиву шуниданӣ рӯи саҳфа мерезад. Шеъри ӯ низ чун саҳнаҳояш орифонаанд. Дардро мегӯяд, хайру шарро дар тарозуи шеър бармекашад ва ба хонандааш пешкаш мекунад. Ба навиштаи олими шинохтаи Афғонистон, доктор  Шамсулҳақи Орёнфар “Ҷаронӣ шеър намегӯяд, вай шеърро месарояд”. Ё худ шоир Давлати Раҳмониён мегӯяд: “Аз Ҷаронии ҳунарманд то Ҷаронии шоир роҳи тафриқа дароз нест. Ӯ ҳунарманди асил, шоирест самимӣ”.

Доктор Мусавии Гарморудӣ аз шеъри ӯ бештар тасвирҳои орифона ёфтааст. “Шеър василаи баёни дарди Ҷаронист. Бо шеър само мегирад, навҳа мезанад, шӯр ба по дорад”,- менависад ӯ.

 То ин замон се маҷмуъаи ашъорашро бо номҳои “Найнаво”, “Растохези гул” ва “Ҳидоят ва ҳикмат” интишор додааст. Вале ӯ низ чун дигарон мушкили чопи осор дорад, ҳар китобе, ки интишор додааст, бо талоши худ ва пуштибонии афроди саховатпеша ва он ҳам ба теъдоди хеле кам чоп кардааст.

Нуриддини Ҷаронӣ оиладор ва соҳиби 8 фарзанд мебошад. Аз миёни фарзандон писараш Алоуддин бо пайроҳаи падар равона шудаву ҳоло донишҷӯи бахши операи Консерваторияи миллии Тоҷикистон мебошад ва бо тахаллуси Шайдо таронаҳо менависад ва месарояд.

Асарҳое, ки Нуриддини Ҷаронӣ ба саҳна гузоштааст:

“Ҳидоят” (Аз рӯзгори Мавлоно ва Шамси Табрезӣ).

“Хари сӯфӣ” (аз Маснавии маънавии Ҷалолиддини Балхӣ)

“Шерафган” (намоишнома барои атфол, таҳияи Қиёмиддини Сатторӣ аз “Маснавии маънавӣ”)

“Ҳамсафар” (достоне аз “Ҳафт пайкар”-и Низомии Ганҷавӣ)

“Ӯ дар байни мост” (асари Сиёвуш)

“Маҷрои ошиқон” (навиштаи худи ӯ)

Асарҳои драматургии ӯ:

“Паёми умед”

“Ҳидоят”

“Мазори ошиқон”

“Хаймаи нур”

“Озодмард”  

Copyright © 2015 TojNews