Раҷаби Мирзо

Барои бархе ӯ як рӯзноманигори варзида ва сиёсатмадори ҷавони умедбахш, барои иддае як исёнгар ва иғвогар аст.

Раҷаби Мирзо (Раҷабалӣ Мараимов) 10-уми августи соли 1973 дар деҳаи Ангурбоғи ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. «Ман кӯдаки деринтизори падару модарам будам. Баъди чор хоҳар ба дунё омадам. Эрка будам, аммо баъдтар дар зиндагӣ эркагиро надидам» - мегӯяд Раҷаб.

Мактаби миёнаи шӯравиро соли 1990 Раҷаб дар зодгоҳаш бо медали нуқра хатм кардааст. Дар мактаби миёна Раҷаб хонандаи фаъол буд ва шояд аз ҳамон замон руҳи исёнгарӣ дар ӯ парвариш меёфт. Замоне, ки синфи 8 буд, роҳбарияти мактаб як ҷаласа баргузор кард, то комсоргро интихоб кунад. Роҳбарият номзади худро дошт, аммо касе номзадии Раҷабро пешниҳод кард. Ҳама раъй доданд. Ин ба роҳбарияти мактаб хуш наомад ва номзади худашро комсорг таъйин намуд. Раҷаб ва ба дунболи ӯ дигарон толорро тарк карданд. Баъдан роҳбарият маҷбур шуд, ки Раҷабро комсорг эътироф кунад.

Ба ман низ бо нафрат менигаристанд...”

Соли 1991 ӯ ба факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуд. Вазъи сиёсии кишвар пурпечутоб буд. Раисҷумҳури аввалини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов истеъфо дод ва мубориза барои мақоми ӯ миёни ҳукумати коммунистӣ ва мухолифони демократу исломиаш дар авҷ буданд. Раҷаби 17-сола аз нерӯҳои демократӣ пуштибонӣ мекард. «Он чӣ аз онҳо мешунидам нав буд. Озодии баён, демократия… Ин вожаҳо то ҳол барои ман қимати худро гум накардаанд» - мегӯяд Раҷаб. 

Баъди раисҷумҳур интихоб шудани Раҳмон Набиев дар соли 1991 Тоҷикистон ба ду тақсим шуд: ҷонибдоронаш ва мухолифонаш. «Ман фақат як ҷонибдори нерӯҳои демократ будам ва то ҳол бар он боварам, ки онҳо аслан ҳақ буданд» - мегӯяд ӯ.

Муқовимати нерӯҳои прокоммунистӣ ва демократӣ - исломӣ ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон овард. Таҳсил дар мактабҳои олӣ низ мутаваққиф шуд ва Раҷаб ба зодгоҳаш баргашт.

Он замон дар вилояти Кӯлоб, ки сокинонаш аксаран аз нерӯҳои прокоммунистӣ ҷонибдорӣ мекарданд, нерӯҳои демократӣ ва ҷонибдоронашон таҳти тақибу фишор қарор гирифта буданд. «Ба ман низ бо нафрат менигаристанд, аммо азбаски бархе аз хешовандонам дар ҳайати Фронти Халқӣ  буданд, касе ба ман чизе нагуфт» - ба хотир меорад Раҷаб.

Ӯ ба Душанбе ибтидои соли 1993 баъди ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон бозгашт. Баъд аз ду соли таҳсил ӯ донишгоҳро тарк кард. «Мешуд, ки нахонда ҳам диплом гирифт, аммо ман инро намехостам. Мехостам воқеан таҳсил кунам. Аммо фарзанди калони оила ва худ низ соҳиби оила будам, аз ин хотир, дар он солҳои вазнин маҷбур будам барои таъмини рӯзгор тарки донишгоҳ ва бозорнишинӣ кунам».

Раҷаб дар бозори «Саховат»-и Душанбе тиҷорат мекард.

Дар он айём Душанбе майдони беназмиҳои гурӯҳҳои силоҳбадаст гашта буд. Қурбон, як ҳамдарси ӯ чунин нақл мекунад: «Раҷаб боре шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ва бори дигар як духтарро аз чанголи силоҳбадастон озод карда буд». Раҷаб мегӯяд, «бале, он замон ҳатто боевикҳоро бо сухан фаҳмондан имкон дошт. Аммо имрӯз, ки оромист, наметавонам баъзеҳоро ба омоли хатояшон мутақоид бисозам».

Ҳақиқатро гуфтан...”

Ҷанги дохилӣ анҷом ёфт. Раҷаб донишгоҳро соли 1998 хатм кард ва ба фаъолияти журналистӣ пардохт. Аммо суботи Тоҷикистон ҳанӯз маънои ба озодиҳои сиёсӣ ва матбуот расидани кишварро надошт.

Раҷаб дар ҳафтаномаҳои мустақили «Суруш», ва «Восточный экспресс» муддате кор кард. Як айём дар рӯзномаи расмии Тоҷикистон - «Ҷумҳурият», ки ҳоло нашрияи раисҷумҳур аст, фаъолият дошт. Баъдан сарварии Маркази хабарии «Чархи гардун»-ро бар ӯҳда дошт. Ниҳоят ба  «Нерӯи сухан», як нашрияи мустақил ба кор омад.

«Аз ин нашрия ба он нашрия сайр карданам аз он буд, ки рӯзномаҳо маоши хуб  надоштанд. Шабу рӯз азият мекашидам, ки як матлаби хубе таҳия кунам, аммо дастмуздам кам буд. Бояд ҳам барои рӯзгор ва ҳам барои пардохти иҷорапулӣ кор мекардам. Боз ду бародарам донишҷӯ буданд. Барои нашрияҳои дигар низ менавиштам. Аммо боз кифоят намекард» - ба хотир меорад Раҷаб.

Дӯстонаш нақл мекунанд, ки Раҷаб бисёр аз хонае ба хонае кӯч мекард. Шумори иҷорахонаҳояшро ҳисоб наметавон кард...

 «Раҷабро бештар «Нерӯи сухан» муаррифӣ кард, - мегӯяд Марат Мамадшоев, коршинос дар умури матбуот. – Ин ҷо ӯро ҳамчун як журналисти матраҳ хонандагон шинохтанд».

Мухтор Боқизода, сардабири ҳафтаномаи «Нерӯи сухан» мегӯяд, «Раҷаб бо услуби хосаи худаш фарқ дошт. Бахусус, аз интиқоди сиёсатҳои ҳукумат, бо вуҷуди худсонсурии шадид дар Тоҷикистон, худдорӣ намекард. Аз ин хотир, ӯро иғвогар ва ҷангандоз низ мегуфтанд».

«Ҳақиқатро гуфтан аввалан рисолати журналистӣ аст ва гуфтани ҳақиқат  иғвогарӣ нест, ҷангандозӣ ҳам. Он ҳаққи қонунии мост. Иғвогар ва ҷангандоз нафарҳое бояд маҳсуб бишаванд, ки мардумро маҷбур мекунанд ба дурӯғҳои онҳо бовар кунад».

«Исён ва маош – ду омиле буданд, ки Раҷабро таҳрик медоданд, - мегӯяд Хуршеди Атоулло, аз дӯстони наздики Раҷаб. – Агар ба Раҷаб рӯзномаҳои дигар маоши хуб медоданду исёни ӯ дар навиштаҳояш буруз намекард, ӯ дар ҳеҷ куҷо кор карда наметавонист».

“Бисёр кор мефармоянд...”

Августи соли 2003 Раҷаби Мирзо ҳафтаномаи «Рӯзи нав»-ро таъсис дод. «Рӯзи нав» аввалин нашрияи сиёсии мухолифи ҳукумати Эмомалии Раҳмон тайи 11 соли мавҷудияташ буд. Он аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон шадидан интиқод мекард ва ба аҳзоби мухолифи давлат минбар медод.

Мирзо мегӯяд, ин як таваккал буд ва «Рӯзи нав» - ро бо қарз сабт ва фаъол кардааст. «Вақте фикри ҳафтанома ба сар омад, ҳамагӣ 3000 доллар пасандоз доштам, ки барои харидани хона ҷамъ мекардам. Нархи хона боло рафт ва маро маъюс кард. Ман бовар доштам, ки «Рӯзи нав» муваффақ хоҳад шуд, аммо муваффақияти ба ин зудиро интизор набудам. Шукри Худо, баъди шумораи сеюм ҳафтанома худкифо шуд. Он замон барои ман аз ҳама муҳим ин буд, ки акнун дигар мушкили молӣ надоштам» - мегӯяд ӯ.

Хуршеди Атоулло, собиқ муовини сардабири «Рӯзи нав», ҳоло сардабири «Фараж», яке аз ҳафтномаҳои маъруфи Тоҷикистон мегӯяд, муваффақияти ҳафтанома пеш аз ҳама аз кордонии Раҷаб буд. «Ӯ менеҷери беҳтарин буд. Тавонист рӯзноманигорони соҳибистеъдодеро ҷамъ кунад, ки аксари кулли онҳоро хонандаи тоҷик намешинохт. Бархе дар расонаҳои алоҳида кор мекарданд. Бархеи дигар донишҷӯи солҳои гуногун буданд. Аммо ҳама ҷавон, назари нав ва мавқеи ҳамсон доштанд» - мегӯяд Атоулло.

Мирзо мегӯяд: «Нашрияҳо соли 2003 ва имрӯз ҳам шикоят мекунанд, ки кадр нест. Вақте кадр нест, пас чӣ бояд кард? Ман ба хулосае омадам, ки худам онҳоро тайёр кунам дар «Рӯзи нав». Хушбахтона, баъзе донишҷӯёни мо он қадар хуб менавиштанд, ки аз рӯзноманигорони бо 40 соли таҷриба фарқ мекарданд».

Каюмарси Ато, собиқ корманди «Рӯзи нав» ва ҳоло хабарнигори радиои Озодӣ замоне аз Хуҷанд ба ҳафтанома даъват шуд, ки донишҷӯи соли дуввум буд. «Ман ҳам чанд матлаб барои ин ҳафтанома навиштам. То ҳоло устод Раҷаб барои ман нагуфтааст, ки чаро навиштаҳои ман ба ӯ писанд омаданд. Аммо вақте ман Хуҷанд ва донишгоҳро тарк мекардам, мутмаин будам, ки интихоби ман дуруст аст» - мегӯяд Ато.

«Дар нашрияҳои мо бисёр кор мефармоянд, аммо кам ҳаққи заҳмат медиҳанд. Мо ин анъанаро шикастем. Маоши ҳадди ақал аз 100 доллар кам набуд» - мегӯяд Мирзо.

Аммо мавзӯъи сармоягузории «Рӯзи нав» як баҳсе буд, ки ниҳоят норӯшан боқӣ мондааст. Як рӯзноманигор даъвои Раҷабро рад карда гуфт, «дар кисаи ӯ муш ба асо мегашт ва чархондани як ҳафтанома ва маоши хуб ба 20 корманд кори серҳазина аст». Атрофиён ҳадс мезаданд, ки «Рӯзи нав» як лоиҳаи махсус аст ва аз сӯйи ягон нерӯи сиёсӣ ва мухолифи Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Ба шумори сармоягузорони «Рӯзи нав» Муҳаммадсаид Убайдуллоев, райиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва мири шаҳри Душанбе, Сайид Абдуллоҳ Нурӣ, райиси вақти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ ва собиқ сарвари нерӯҳои оппозитсиони тоҷик, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, райиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Раҳматулло Зойиров, райиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, Ғаффор Мирзоев, райиси Оҷонси мубориза бар маводи мухаддири назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон, Додоҷон Атоуллоев, сардабири ҳафтаномаи дар Тоҷикистон мамнӯъи «Чароғи рӯз» ном бурда мешуданд.

Аммо Раҷаби Мирзо мегӯяд, «айби ман набуд, ки онҳо шахсиятҳои матраҳ дар ҷомиа буданду ҳастанд ва мардум онҳоро мухолифи ҳукумати Раҳмон ҳисоб мекунад. Ман як ҳадаф доштам: ҳукумат бояд ҳарфи мухолифинаш ва он мардумеро, ки аз дастгоҳҳои зулмбунёдаш ранҷ мебурданд, бишнавад. Ба озодиҳои мардум на ба сухан, балки дар амал арҷ гузорад». Дар бораи сармояи ҳафтаномааш афзуд, «маблағгузор ва пуштибони «Рӯзи нав» хонандааш буд, ки мо ӯро намешинохтем. Теъдод боло мерафт, даромад зиёд мешуд».

Нафарони фавқуззикр қаҳрамонҳои ҳамешагии ҳафтанома буданд. Аммо қаҳрамони асосии «Рӯзи нав» раисҷумҳур Раҳмон буд ва мавзӯъи асосӣ - тасмимоти ӯ… «Ба ин касе ба ҷуз худи раисҷумҳур гунаҳкор нест. Раҳмон ба ҷуз он ки раисҷумҳур аст, райиси ҳукумат, сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ, райиси Ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократӣ низ ҳаст ва чандин вазифаи дигар ҳам дорад. Вазирон, райисони вилояту навоҳӣ ва додситониву додгоҳҳоро ӯ таъйин мекунад. Се шохаи ҳукумат комилан дар дасти ӯст. 90 дар сади парлумонро аъзои ҳизби ӯ ташкил медиҳанд. Яъне ҳукумату парлумон ва додгоҳи Тоҷикистон комилан иҷрогари ҳукмҳои ӯянд ва мустақил нестанд. Пас вақте як райиси ноҳия мегӯяд: «маро раисҷумҳур таъйин кардааст, на халқ. Аз ин хотир, ман хизмати раисҷумҳурро мекунам, на халқро», чӣ мешавад хулоса кард?»

Ин бархӯрди «Рӯзи нав» бойиси норизоиятии ҳукумати Тоҷикистон гашт. Чанд маротиба намояндагони дастгоҳи раёсатиҷумҳур ва вазорати амнияти кишвар ғайрирасмӣ ба Раҷаб ҳушдор додаанд, ки бархӯрдашро бо сиёсатҳои давлат дигар кунад. «Ман розӣ намешудам. Зеро «Рӯзи нав» акнун на ба ман, балки ба мардуму хонандааш тааллуқ дошт. Он барои ман на тиҷорат, балки мавқеи шаҳрвандӣ гашта буд. Ман то охир ба ин мавқеъи худ хиёнат накардам» - мегӯяд Мирзо.

«Муваффақияти «Рӯзи нав» дар он буд, ки ба толорҳои ҳукумат назар андохт. Ин барои барои хонанда ҷолиб, аммо барои ҳафтанома хатарнок буд. Аммо як чиз мусаллам аст: «Рӯзи нав» дар Тоҷикистон, кишваре, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ бо роҳи авторитарӣ мерафт ва сухани озодро силоҳ таъқиб мекард, яхи хомӯширо шикаст ва суханро ҷойгузини силоҳ кард. Ин рисолат бидуни сардабире ба монанди Раҷаби Мирзо ва мавқеи шаҳрвандии ӯ имконнопазир буд» - мегӯяд Марат Мамадшоев, коршинос дар умури матбуот.

Шӯҳрат ва таъсири «Рӯзи нав» дар Тоҷикистон меафзуд. Ҳар шуморааш дар рӯзи аввали нашр харидорӣ мешуд. Ҳар дафъа ҳангоми фурӯши нашрия кор ба кашмакашиҳо мерасид. Кампирони рӯзномафурӯш сари рӯзнома ҷанҷол мекарданд. Онҳо хавф доштанд, ки рӯзнома ба онҳо намерасад. Чопхона қудрати аз ин бештар надошт. Аз вилоятҳо супориш меомад. Охирҳо аз Русия ва Ӯзбакистон ҳам.

Ду сӯйқасд дар як сол

Муваффақиятҳои «Рӯзи нав» фишорҳои ҳукуматро низ меафзуд. Моҳи декабри соли 2003 «Шарқи озод», матбааи Дастгоҳи раёсатиҷумҳури Тоҷикистон аз чопи «Рӯзи нав» даст кашид. Ҳафтанома чопашро дар матбааи мустақили Ҷиёнхон, ки ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тааллуқ дошт, идома дод.

Вале ин аввалин ва охирин фишор набуд. Тайи як сол ба ҷони Раҷаби Мирзо ду маротиба сӯйиқасд сурат гирифт. Сӯйқасди аввал 18-уми январи соли 2004 ҳангоми сафари кории Мирзо ба вилояти Суғд рух дод. Дар шаҳри Хуҷанд, маркази ин вилоят шабона ӯ ва саҳифабанди ҳафтанома Нуруллоҳи Исматро се ҷавони ҳузарб бидуни ягон пурсуҷӯ мавриди латукӯб қарор доданд, ки бар асари он ҳарду ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд ва ба беморхона афтиданд.

- Тамоми аъзои баданам варамида буд. Ба дараҷае ки дӯстонамон маро нашинохтанд. Чашмамро боз карда ва дуруст ҳарф зада наметавонистам. Ҳангоми латукӯб яке аз ҷавонон ба ҳамроҳонаш амр дод, ки фақат ба сарам зананд. Сарам давр мегашт ва дилбеҳузур мешудам. Нуруллоҳ нуқси мағзӣ гирифта буд, - нақл мекунад Мирзо.

Аммо таъқибгарон онҳоро дар беморхона низ хостанд муҷозот кунанд. Раҷабу Нуруллоҳ фирор карданд ва дар хонаи як донишҷӯ дар маҳаллаи 12-и шаҳри Хуҷанд паноҳ бурданд. Ин паноҳгоҳ низ баъди ду рӯз фош шуд.

- Қарибии бегоҳ дар тақ-тақ шуд ва мо аз чашмак дидем, ки паси дар як милиса истодааст. Вақте аз ӯ пурсидем, чӣ мехоҳад, ӯ гуфт, ҳуҷҷатҳои бошандагони хонаро тафтиш мекунад. Мо дарро боз накардем, зеро мантиқан дар Хуҷанди орому осоишта ин гуна «тафтишҳо» ҳеҷ гоҳ сурат намегирифтанд. Баъде, ки милиса рафт, аз ҳамсоя пурсидем, ки оё онҳоро низ тафтиш карданд? Онҳо инкор карданд. Яъне маълум буд, ки ҳадафи ин «тафтиш» ман будам ва ҳадафи ин сӯйқасд ва таъқибҳо фишор ба ман буд, ки қадамамро дониста монам, - ба хотир меорад Мирзо.

Раҷаб бо кӯмаки чанд донишҷӯ тавонист аз маҳаллаи 12 ба идораи оҷонсии «Вароруд» фирор кунад. Баъд ӯ ба фурудгоҳ рафт ва ба Душанбе парвоз кард.  

- Чаро он замон ба мақомот шикоят набурдед?

- Он замон вазъ ҳассос буд. Агар хонандагон  дарак меёфтанд, ба эҳтимоли қавӣ, дар хондану харидории «Рӯзи нав» андеша мекарданд ва ман хонандаи худро аз даст медодам. Сониян, аҳли оилаам ҳам нигарон мешуданд ва шояд сари ман фишор меоварданд. То сиҳат ёфтанам падару модари пирам, ки дар Восеъ ба сар мебурданд, хабар надоштанд. Ҳатто модарам вақте занг зада гуфт, ки «шаб хоби бад дидам, оё ту тинҷ ҳастӣ?», гуфтам, машғули кор ҳастам ва бигзор нигарон набошад. Муолиҷа мекардам ва аз хона берун намеомадам. Танҳо наздиктарин дӯстонам аз ҳодиса хабар доштанд, - мегӯяд Раҷаб.

Сӯйқасди дуввум 29 июли соли 2004 дар қарибии манзили Раҷаб дар Душанбе ба вуқӯъ пайваст.

- Як меҳмонро гусел карда, ба хона бармегаштам, ки ҷавони ниманизомипӯше аз пешам баромад ва ман дарк накардам, ки чӣ тавр ӯ ба ман наздик шуду ба сарам зад. Ман ба ӯ дарафтодам, аммо ӯ фирор кард. Аз пасаш давидам ва фақат ҳамин қадар дидам, ки мошине, ки ӯ савор шуд, рақами низомӣ дошт.

Раҷаб аз сар захмӣ шуда буд. Муште, ки оҳан дошт, қисмати пеши сарашро дарида ва хуни зиёде ҳам рафта буд.

Раҷаб ин дафъа ба мақомот муроҷиат кард, ки қазияро пайгирӣ кунанд. Аммо бо гузашти беш аз 4 сол омилини ин сӯйқасд ҳанӯз ошкор нашудаанд.

“Журналисти сол”

То сӯйиқасди дуввум 7 моҳи дигар буд. Афзудани теъдод ва нуфузи «Рӯзи нав» идома дошт. Як корманди рӯзнома ба хотир меорад: «Як мӯйсафед аз Мастчоҳ омад. Фарзандашро кушта, аммо қотилро аз толори додгоҳ озод карда буданд. Мӯйсафед барои додхоҳӣ ба Додситонии Кул меравад ва он ҷо ба ӯ маслиҳат медиҳад, ки «ба «Рӯзи нав» рав! Агар онҳо қазияро нашр кунанд, пас мо ба таҳқиқаш шурӯъ мекунем». Ва ё аз ноҳияи дурдасти Носири Хисрав хабар ёфтем, ки як деҳаи ӯзбакнишин як нусхаи ҳафтаномаро тайи як ҳафта банавбат мехондаанд. Ё як нафар аз Хуҷанд занг зад, ки фалон шумораатонро ба 50 сомонӣ (он замон $14) харидорӣ кардем ва ғайраву ҳоказо».

«Рӯзи нав» дар шакл гирифтани афкори ҷомиа нақш мебозид ва тарғиботи ҳукумат дигар ба ҷомиа таъсир намегузошт. Ҷамъият тавассути «Рӯзи нав» бо чеҳраҳои нави сиёсати Тоҷикистон ошно мешуд. Оппозитсион низ аз он фаровон истифода мекард. Ба назар мерасид, озодии баён дар кишвар дигар мушкил надошт.

Мирзо мегӯяд: «Оппозитсионро ҳукумат таҳти фишор қарор дода, майдонашонро танг карда буд. Расонаҳои ҳукуматӣ ҷор мезаданд, ки ба ҷуз Раҳмон дигар раҳбари арзанда нест. Аммо мо на фақат гуфтем, балки исбот кардем, ки дар Тоҷикистон даҳҳо нафари арзандаи раисҷумҳурӣ ҳастанд».

Баъд аз «Рӯзи нав» як қатор нашрияҳои дигар, аз қабили «Нерӯи сухан» ва «Одаму олам» низ ба интиқоди сиёсатҳои ҳукумат шурӯъ карданд. Соли 2004 Тоҷикистон аз рӯи озодии баён дар гузоришҳои байнулмилалӣ дар ИДМ дар сафи аввал қарор гирифт. Соли 2003 Раҷаби Мирзо дар назарпурсиҳо “Журналисти сол” эълон шуд.

Талоши охирин

Баъди ду ҳафтаи сӯйқасд, ҳанӯз ки Раҷаб дар муолиҷа буд, чопхонаи “Ҷиёнхон” баста шуд ва ҳамаи кӯшишҳои чопи шумораи навбатии «Рӯзи нав» барбод рафтанд. «Баъзе чопхонаҳое буданд, ки бекор монда буданд. Аз пешниҳоди мо хуш мешуданд. Аммо бо шунидани номи «Рӯзи нав» табъашон хира мешуд. Яке аз онҳо гуфт, ки дастур гирифтаанд «Рӯзи нав»-ро чоп накунанд» - мегӯяд Мирзо.

«Рӯзи нав» аз кор монд. Шумораи охиринаш моҳи ноябр дар Бишкек нашр шуд. То он дам аксари қаҳрамонҳои ҳафтанома таҳти таъқибу фишорҳои ҳукумат қарор гирифтанд. Ғаффор Мирзоев, райиси вақти Оҷонси мубориза бар маводи мухаддири назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, райси ҳоло зиндонии Ҳизби демократи Тоҷикистон ба Русия фирор кард ва баъди чанд моҳ дар он ҷо дастгир ва ба таври мармуз ба Душанбе оварда шуд. Рустам Файзиев, муаллифи «Рӯзи нав» ва муовини райиси Ҳизби номнависнашудаи Тараққиёт низ ба 5 соли зиндон маҳкум гардид. Райиси ин ҳизб Султон Қувватов таҳти фишор қарор гирифт ва мақомот ба ӯ хориҷ шудан аз шаҳрро манъ карданд. «Аз рӯйи шунидам ба Раҳматулло Зойирову Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода низ мақомот фишор оварданд, аммо азбаски онҳо сиёсатмадорони боҳуш ва соҳиби нуфуз буданд, ҳукумат онҳоро натавонист ба ҳабс гирад» - мегӯяд Раҷаби Мирзо.

Ба дунболи «Рӯзи нав» ҳафтаномаҳои дигар, аз қабили «Оламу одам», «Нерӯи сухан» ва «Адолат» низ аз фаъолият бозмонданд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, «маъракаи фишор ба мухолифин омодагии ҳукумати Раҳмон ба интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2005 буд. Ҳукумат фикр мекард, ки «Рӯзи нав» нашрияи нерӯҳоест, ки ҳадаф доранд дар интихобот ҳизби Раҳмонро шикаст диҳанд».

Раҷаби Мирзо барои аз сар гирифтани нашри «Рӯзи нав» ба шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон рафт. Аммо шумораро дар фурудгоҳи Душанбе ба ҳабс гирифтанд ва ҳоло касеро наметавон ёфт, ки ин шумораро дида ва хонда бошад. Мақомот бо баҳонаҳои зиёд, аз ҷумла эҳтимоли заҳрнок будан ҳафтаномаро ба соҳибаш барнагардонданд. Ин охирин кӯшиши ба роҳ мондани чопи «Рӯзи нав» буд. «Рӯзи нав» боз чандин маротиба тариқи электронӣ ва нусхабардорӣ нашр шуд, аммо натавонист мавқеи пешинаашро ба даст орад. Зеро теъдодаш аз 100 нусха беш набуд. Фурӯшандагон онҳоро нусхабардорӣ карда, ба савдо мезаданд. Аммо барои худи ҳафтанома ин кор фоида надошт. Раҷаби Мирзо охирин тангаашро сарфи ин нусхаҳо кард.

“Ман муборизаро давом медодам...”

Дар интихоботи парлумонии соли 2005 Раҷаби Мирзо низ номзадии худро аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе пешниҳод кард. Ҳарифони ӯ аз Ҳизби халқӣ-демократии Эмомалии Раҳмон, Ҳизби коммунист ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буданд. Раҷаби Мирзо аз номи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пешниҳод шуд. Аммо танҳо 3 дарсади ройҳоро ба даст овард. Яке аз аъзои ҳавзаи интихоботӣ, ки аз овардани номаш ба хотири амният истиҳола мекунем, гуфт, Раҷаби Мирзо аксарияти ройҳоро ба даст оварда буд, аммо аъзои қитъаҳои интихоботӣ варақаҳои тақаллубиро ба нафъи номзади ҳизби раисҷумҳур афзуданд. Раҳматулло Зойиров, райиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, «Раҷаб шахсе буд, ки дар ҷомиа маҳбубият дошт. Аз ин хотир, аз рӯйхати мо пешниҳод шуданаш интихобкунандаи моро меафзуд». Мирзо мегӯяд, «бо ин роҳ ман муборизаи худро давом медодам, зеро мавқеям барои ҷомиа рӯшан буд». «Аммо интихобот бо тақаллуби зиёд баргузор шуд, мегӯяд Р. Зойиров. - На фақат Раҷаб, балки дигар номзадҳои арзанда низ «мағлуб» шуданд».

Дар ҳамин ҳол, як раҳбари созмони Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, «Раҷаби Мирзо фойизи хеле ками овозҳоро ба даст овард. Ин нишон дод, ки ҳарчанд рӯзноманигори хуб аст, аммо дар сиёсат дурандеш ва миёни мардум матраҳ нест. Баъд аз интихобот ӯ ин далелро боз собит кард».

Соли 2006 Раҷаби Мирзо ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваст, ки раҳбараш Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯро райиси созмони Ҳизби демократ дар шаҳри Душанбе ва сардабири ҳафтаномаи «Адолат», нашрияи ин ҳизб интихоб карданд.

Аммо «Адолат» баъди се шумораи нашр мутаваққиф шуд. Ҳизби демократ интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистонро, ки 6 ноябр баргузор мегашт, таҳрим кард. Вазорати адлияи кишвар бо қароре Масъуд Собиров, сарвари як ҷиноҳи ҳизбро, ки аз сиёсатҳои ҳукумат пуштибонӣ мекард, ба расмият шинохт. Ҳизби демократ ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. 4 ноябри соли 2006 бо ибтикори созмони шаҳрии ҳизб дар назди Вазорати адлияи Тоҷикистон пикет баргузор гардид. Тақозои пикетчиён аз вазорат бекор кардани қарор буд. Аммо пикет дар ҳайати 10 нафар баробари шурӯъ шудан аз сӯйи мақомоти амниятӣ пароканда гардид. Ҳамон рӯз додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Раҷаби Мирзо ва боз се аъзои Ҳизби демократро бо ҷурми созмон додани бетартибиҳо ба 15 рӯз равонаи зиндон кард. «То ба ҳол касе ман ва ҳамсафонамро мутмаин насохтааст, ки амали мақомот дуруст буд, на аз мо. Аз ин кор пушаймон нестам. Ҳукми Раҳмонов (райиси додгоҳ) ғайриқонунӣ буд. Ман ҳар вақт метавонам рост ба чашмони ӯ нигараму гӯям: "Ҳукми ту ғайриқонунӣ буд".

Раҷаби Мирзо ва ҳамсафонаш 15 рӯз дар маҳбас буданд. Интихоботи раёсатиҷумҳур ба охир расид ва дар рӯзи маросими савганди Эмомалии Раҳмон онҳоро раҳо карданд.

Даврони пурошӯби Раҷаби Мирзо ба охир расид. Ҳафтаномааш аз кор монд, интихоботи парлумониро бохт ва зиндонро ҳам дид. «Аммо то ҳол мақомоти Тоҷикистон дар бастани ҳафтаномаам, мағлубиятам дар интихобот ва зиндонӣ шуданам далели ҳуқуқие пеш наовардаанд. Аз ин сабаб, онҳо аз ман қарздор ҳастанд» - мегӯяд Раҷаб.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, «барои Раҷаби ҷавон ин гоми бармаҳал буд. Зеро сиёсат он гуна муваффақияте барои ӯ наовард, ки журналистика овард. Ӯ журналистикаи тоҷикро тағйир дод».

“Он чиро мехоҳам нависам, ки худам мехоҳам...”

То соли 2010 Раҷаби Мирзо сармуҳаррири ҳафтаномаҳои машҳур – «Рӯзи нав», «Адолат» ва Журналисти соли 2003 бо вуҷуди маъруфияти зиёд дар нашрияҳои Тоҷикистон коре пайдо карда натавонист. На ба он хотир ки барои ӯ ҷойи кор набуд. Бо он вуҷуд ки расонаҳо аз камбуди рӯзноманигорон шикоят доштанд, маҷбур як донишҷӯи соли аввали донишкадаро ба кор мегирифтанд, вале маҳз Раҷаби Мирзоро на. Як сарвари ширкати матбуотии Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд: «Раҷаб рӯзноманигори фавқулодда аст, аммо ман намехоҳам бо ҳукумат мушкил дошта бошам».

Мирзо мегӯяд: «Агар ман корманди ягон ҳафтанома бошам, онро ҳукумат таҳти фишор мегирад ва аз нашр бозмондани он низ аз имкон дур нест. Ман барои ҳукумати Тоҷикистон як шахси ғайри қобили қабул ҳастам. Дигар ин ки ҳафтаномаҳо мехоҳанд он чиро нависам, ки онҳо мехоҳанд. Аммо ман он чиро мехоҳам нависам, ки худам, ҳамчун рӯзноманигор мехоҳам».

Моҳи августи соли 2009 ӯ сардабири радиои "Имрӯз" шуд. “Пас аз 5 соли бекории иҷборӣ ин радио ба ман "расмият" дод” – хулоса мекунад Раҷаби Мирзо ва меафзояд: “Аммо бештар аз як сол кор карда натавонистам. Касе ҳам пеш накард. "Вазъият" хаминро "такозо" мекард. Зеро радио шунавандаи хеле зиедро фаро гирифт. Назарсанҷиҳои расмиву ғайрирасмӣ "Имрӯз" – ро сершунавандатарин радио ном мебурданд. Шояд аз ин хотир, ду бор "мушкилоти техникӣ" ба миен омад. Он қиссаву муаммоҳои зиёд дорад. Ба хотири ман шуда, як радиои муваффақ набояд аз даст мерафт. Аҷиб буд, ки радио пас аз ман "сахттар" мегуфт, вале ба мушкил рӯ ба рӯ нашуд...”

Ин ҳанӯз охири кор набуд. 30 августи 2010 аввалин шумораи рӯзномаи “Имрӯз – Нюс” нашр шуд, ки сармуҳаррираш Раҷаби Мирзо буд. Аммо ҳамагӣ пас аз се моҳ ӯ аз ин вазифа низ истеъфо дод. Сабаби онро то имрӯз ӯ шарҳ намедиҳад.

Тарҳи дигари ӯ – Маркази таҳқиқоти сотсиологии “Бозтоб” ҳам пас аз як соли фаъолият соли 2012 дарҳояшро баст.

То имрӯз Раҷаби Мирзо як фаъоли ҷомиаи шаҳрвандӣ аст ва асосан дар комиссияҳои ҷамъиятии шаҳрдории Душанбе фаъолият мекунад...

Copyright © 2015 TojNews