Раҳим Азимов

Исми Раҳим Азимовро хабари пирӯзии ӯ - як тоҷик дар интихоботи Думои давлатии Русия сари забонҳо кашид.

То ин замон шояд кам касон медонистанд, ки як ҳамватани муваффақи мо солҳост, ки дар зинаҳои гуногуни илм, ҳукумат ва сиёсати Русия қадамҳои устувор мебардорад ва ҳоло як курсӣ дар парламон ба ӯ ихтисос ёфт.

Раҳим Азимов 16-уми августи соли 1964 дар шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара дар оилаи коргар дида ба олам кушодааст.

Падараш Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи ордени Ҷанги ватании дараҷаи II мебошад. 

Донишгоҳи маъданшиносии ба номи Г.В.Плеханови шаҳри Ленинградро бо ихтисоси  технология ва механизатсияи коркарди маъдан хатм кардааст.

Бо анҷоми таҳсил ӯ дар Русия монда, тибқи тақсимот ба иттиҳодияи истеҳсолии “Воркутугол”, чун усто дар кони ангишти “Воркута” ба кор оғоз кард.

Аз соли 1994 то соли 1996 намояндаи тиҷорати Ҷумҳурии Комӣ дар шаҳри Маскав буд. Баъдан ба вазифаи ҷонишини намояндаи доимии Ҷумҳурии Комӣ дар назди Президенти Федератсияи Русия, директори иҷроияи Хазинаи минтақавии Шимоли барномаҳои президентӣ таъин гардид.

 Соли 2002 Академияи дипломатии ВКХ Русияро хатм кард. Соли 2004 рисолаи доктории худро дар институти куҳии Санк-Петербург ҳимоя намуд.

Солҳои 2002-2003 узви Шӯрои Федератсия буд. Аз соли 2003  дар Хадамоти назорати маводи мухаддир ва моддаҳои психотропии Русия ба кор оғоз кард ва то рутбаи подполковникӣ расид.

Соли 2011 Донишгоҳи Вазорати корҳои дохилии Русияро дар Санк-Петербург хатм кард.

Аз соли 2008 то 2012 профессори донишгоҳи маъданшиносии Санкт-Петербург, муовини раҳбари куллии корпоратсияи «Ростехнологии» кор кардааст. Соли 2015 дар «Корхонаи кимиёии Кирово»  муовини раис оид ба масоили иҷтимоии ОАО «ОХК «Уралхим» таъин шудааст.

Ҳоло доктори илмҳои техникӣ буда, дар интихоботи гузаштаи президентӣ намояндаи бовариноки Владимир Путин буд.

 Дар интихоботи ахири парламонӣ бо дарёфти  51,29 дарсади овозҳо аз вилояти Киров вакил интихоб шуд.  

Бо номи Елена ҳамсари рус дорад ва соҳиби 3 фарзанд мебошад. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?