Раъно Бобоҷониён

Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода 18 - уми феврали соли 1971 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.

Соли 1992 бо ихтисоси журналист Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Фаъолияти кориашро дар вазифаи омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти умумии №5, шаҳри Чкалов оғоз мекунад. Давоми солҳои 1992-93 омӯзгор буд.

Солҳои 1993-1996 аспиранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд будааст.  Як муддат дар ширкати телевизион ва радиошунавонии “Ҷаҳоноро”-и шаҳри Чкалов кор мекард.

Солҳои 1997 - 1999 муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд. Дар ин миён соли 1998 аз илмҳои таърих ҳимояи номзадӣ кардааст. Ҳамчунин, ҳуқуқшиноси ширкати телевизион ва радиошунавонии “СМ-1” будааст.

Соли 2000-уми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро ба итмом мерасонад.

Солҳои 2003 - 2006 Докторанти кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон будааст, ҳоло доктори илмҳои филолгӣ мебошад. Бештар инъикоси масъалаҳои гендерӣ дар расонаҳо ва мавзӯоти ҳифзи ҳуқуқи журналист дар ҷомеаро таҳқиқ кардааст.

Аз соли 2006 то соли 2010 дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарс додааст. Дар ин миён дар солҳои 2008-2009 раиси комиссияи имтиҳонӣ барои хатмкунандаҳо дар факултаи журналистикаи ДМТ низ буд.

Аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб меёфт. Аз кам бонувоне буд, ки блоги худро дар шабакаи иҷтимоӣ дошт, дар мавзӯҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқи занон, гендер мақолаҳо низ менавишт.

Соли 2010 барои кор ба ҳукумати вилояти Суғд ҷалб шуд. Соли 2010 мудири Маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи Раиси вилоят Суғд таъин шудааст. Феврали соли 2011 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомот дар вилояти Суғд таъин мешавад.

Аз 25-уми ноябри соли 2013 дар вазифаи муовини раиси вилояти Суғд кор мекард. 13-уми декабри соли 2014 дар анҷумани 12-уми Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон муовини раиси ҳизб интихоб шуд. Тағйирот дар сафи муовинони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳизб дар расонаҳо ҳамчун “чеҳраҳои нав”-и ҲХДТ дар корзори интихоботи парламентии 2015 номгузорӣ шуд.  

Дар замони муовиниаш дар ҲХДТ исми ӯро қазияи истеъфои собиқ раҳбари ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ – “Созандагон” Исфандиёр Абдураҳимов расонаӣ кард. Исфандиёр Абдураҳимов Бобоҷониёнро яке омилони истеъфояш дониста, ӯро ба маҳалгароӣ муттаҳам мекард. Аммо дастгоҳи ҲХДТ ин иттиҳомотро бепоя хонд.

Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.

Copyright @2016 TojNews