Равшани Ёрмуҳаммад

27-уми январи соли 1942 дар деҳаи Ғармови Шӯрои қарияи Ғашёни ноҳияи Обигарми Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Моҳи майи соли 1947 оилаи онҳо ба ноҳияи Ворошиловобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) мекӯчад. Дар ҳамин ҷо соли 1949 ба мактаби миёнаи ба номи М.Горкий дохил шуда, соли 1959 онро хатм мекунад. Солҳои 1959-1964 дар факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил кардааст.

Пас аз хатми Донишгоҳ дар Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон, рӯзномаи “Ҳақиқати Колхозобод”, “Тоҷикистони советӣ”, Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба нашриёт, полиграфия ва савдои китоб, ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” фаъолият намуд.

Соли 1991 сармуҳаррири маҷаллаи “Тоҷикистон” таин мешавад. Аз соли 1998 то соли 2003 ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Дар айни замон мушовири бахши робитаҳои байналхалқии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Равшани Ёрмуҳаммад аз соли 1994 инҷониб вазифаи муассис ва сармуҳарририи нашрияи адабиёти кӯдаконаи “Афсона”-ро ба дӯш дорад.

Солҳои 1965-1966 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат карда, курси кӯтоҳмуддати мактаби афсариро дар шаҳри Рига хатм кардааст.

Соли 1975-1977, 1981, 1982-1986 дар кишвари Афғонистон ҳамчун тарҷумон ва котиби дуввуми Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон адои вазифа намуд.

Нахустин ҳикояҳояш ибтидои солҳои шастум дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон”, “Комсомоли Тоҷикистон”, маҷаллаҳои “Машъал”, “Занони Тоҷикистон” ба табъ расидааст.

Равшани Ёрмуҳаммад муаллифи китобҳои “Шоҳбузи сафед” (1990), “Чашма”, (1995), “Родничок” (1995), “Зулмот, ё худ Саргузашти аҷоибу ғароиби Қаламак” (198), “Қиссаи шаҳри беҷон, ё худ Саргузашти духтари бофанда” (1998), “Гӯрков” (2000), “Қиссаҳои “Буду набуд” (2000), “Асҳоби Каҳф. Рӯҳ” (2002), “Достони Қорун. Данонир” (2003), “Дардҳо ва ашкҳо” (2003), “Одамони кайҳонӣ” (2003), “Санги арӯс” (2005), романи Бармакиён” қиссаҳои Тӯфони Нӯҳ”, “Хоб ва бедорӣ” (2007), “Ишқи Рӯдакӣ” (2008), “Қалби пурасрори Ҳазораҷот” (2009), “Гурбача рӯ мешӯяд” (2009), “Ашкҳои ночакида” (2011), “Як аробаи гулу хор” (2013) ва ғайра мебошад.

Намунаи ҳикояю очеркҳояш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии “Шукуфаҳои умедбахш”, “Маҷрои зиндагӣ”, “Кӯҳ аз паси кӯҳ”, “Родинчок” (ба забони русӣ) ва ғайра ба табъ расидаанд.

Муаллифи зиёда аз 10 драмаи бисёрпардагӣ ва якпардагӣ аст. Драмаҳояш дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои якум, дуввум ва севвум шудаанд.

Дар таҳияи маҷмӯи ҳикояҳои “Тазкират-ул-авлиё”, рисолаҳои “Усули навиштани иншо”, “Никоҳ, талоқ ва ҳуқуқи зан” саҳм дорад.

Равшани Ёрмуҳаммад ҳамчун рӯзноманигор, мунаққид ва адабиётшинос мақолаҳои зиёде ба табъ расондааст.

Асарҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, украинӣ, литвонӣ тарҷума шудаанд.

Ба қалами Равшани Ёрмуҳаммад тарҷумаи повестҳои нависандагони рус А.Алексин, “Евдокияи ҷинӣ”, “Фарзанди сари пирӣ”, “Иҷрокунандагон ва иштироккунандагон”, “Сеюм дар қатори панҷум”, С.Сахарнов “Духтарак ва делфин” ва бисёр ҳикояҳои адибони хориҷӣ тааллуқ доранд.

Равшани Ёрмуҳаммад соли 2001 барои китоби “Гӯрков” сазовори ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ гардидааст. Дорандаи унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” (2001), “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” (2003) ва “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” (2008) мебошад. Бо медалҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шудааст. Аъзои Иттиҳоди интернатсиалистони собиқадор мебошад.

Аз соли 1970 аъзои Иттифоқи журналистон ва аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби шаш фарзанд мебошад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?