Руқия Қурбонова

Парвардаи мактаби комсомол ва Ҳизби коммунисти вақт, муддати бештар аз 10 сол барномарези масъул дар Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон, котиби аввали Кумитаи комсомолии шаҳри Роғун, котиб - мудири шӯъба, раиси созмони шаҳрии Ҳизби коммунист дар шаҳри Роғун будааст.

Соли 1988 мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро хатм кардааст.

23  октябри соли 1956 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, оиладор, соҳиби ду фарзанд аст. Дастпарвари Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнии шаҳри Душанбест.

Фаъолияти меҳнатиашро чун омӯзгор дар мактаби № 9-и шаҳри Норак оғоз кардааст. Аз соли 1981 то 1992 дар вазифаҳои масъули комсомол ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият доштааст.  
Замони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон низ замони тай шудани зинаҳои мухталифи роҳбарӣ барои Руқия Атоевна будаанд. Чунончи, аз  соли 1992 то 1995 дар ҳайати маъмурияти Неругоҳи барқӣ-обии "Роғон", Раёсати сохтмони «Гидроспестрой»-и шаҳри Роғун кор кардааст.

Солҳои  1995-1997 ҷонишини аввали раиси шаҳри Роғун будааст.

Ва баъд аз музофот ба пойтахт баргаштааст. Аз соли 1997 аввал  ҷонишин ва аз соли 2000 ҷонишини якуми раиси ноҳияи Марказӣ будааст. Соли 2003 бошад, ҷонишини раиси ноҳияи Фрунзеи пойтахт таъин гаштааст.

Солҳои 2003-2004 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаҳои мудири шӯъбаи тандурустӣ, кор бо занон ва оила фаъолият кардааст. 

Ба назар мерасад, ин як соли кор дар Дастгоҳи иҷроия - омӯзиши таҷриба барои таъин дар вазифаҳои дигари пурмасъулият буданд. Соли 2004 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд. Як сол баъд Руқия Атоевна ҷонишини раиси вилояти Хатлон ва  соли 2006 то моҳи январи соли 2008 раиси шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон буд.

Аз январи соли 2008 то моҳи ноябри соли 2013 дар вазифаи муовини Сарвазири Тоҷикистон кор кардааст. Баъди тақрибан ду моҳи бекорӣ дар моҳи январи соли 2014 муовини шаҳрдории Душанбе таъин шуд. Дар ин вазифа то моҳи апрели соли 2015 кор кард, ки бо сабаби ба синни нафақа расидан аз вазифа сабукдӯш шуд.

Бо медали  «Хизмати шоиста» қадр шудааст.

Copyright © 2015 TojNews