Тилав РАСУЛЗОДА

Аз фаъолтарин рӯзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хушнавистаринҳо дар расонаҳои хабарии рӯз аст.
Дар интихоби мавзуъ мумтоз, таҳлилҳояш фарогир ва талош мекунад мавзуъро то охир пайгирӣ кунад.

Сарнавишташ ҳам омӯзанда аст: дар Афғонистон тарҷумонӣ ҳам кардааст, ба мактаб  дарси хати ниёгон омӯхтааст ва ҳам як муддати тӯлонӣ дар муҳоҷират ҳам будааст. Ҳамаи ин як мактабест, ки инсони огоҳро пӯхта мекунад.

Тилав Расулзода  5-уми сентябри соли 1959 дар деҳкадаи Ашти вилояти Суғд, дар хонаводаи кишоварзон ба дунё омадааст.
Соли 1976 баъд аз хатми мактаби миёнаи №1, ба номи Умари Хайём ба донишкадаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шомил шуда, онро соли
1981 тамом кард.

Солҳои 1982-1985 дар Донишкадаи тибби шаҳри Кобул ба номи Абӯали ибни Сино ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа кардааст.

Пас аз бозгашт ба Ватан муддате дар мактаби деҳа омӯзгори риштаи «Алифбои ниёкон» буд.

Солҳои 1994-2000 дар  муҳоҷират қарор дошт.

Сар аз соли 2000 дар нашрияҳои «Нилуфар», «Вароруд», «Озодагон», «Азия-плюс» ба ҳайси хабарнигор кор кардааст.

Солҳои 2007-2008 раҳбари дафтари хабарнигории  «Нигоҳ» дар вилояти Суғд буд.

Солҳои 2009-2014 ба ҳайси хабарнигори махсуси Оҷонсии иттилоотии «Фергана.ру» дар Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

  Аз соли 2011 то кунун хабарнигори махсуси маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар вилояти Суғд мебошад.

Ширкаткунанда ва барандаи ҷойизаи фестивал-озмунҳои журналистикаи экологӣ миёни рӯзноманигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд, Душанбе, Олмотӣ,  барандаи озмунҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Амрико ва Ҷопон  аст.

Матлабҳояш дар  Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Русия, Амрико, Эрон интишор ёфтаанд.

Ба кишварҳои Афғонистон, Эрон, Лаҳистон, ИМА, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Русия, Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон, Белорус,  Утриш (Австрия) ва  Ҷопон сафарҳои хидматӣ анҷом додааст.

Бо забонҳои тоҷикиву русӣ менависад.

Чанде аз қиссаҳояш дар сомонаи адабии «Проза.ру» таҳти унвони  «Исповедь мигранта» нашр шудаанд.

Як шохаи фаъолияти ӯ тарҷумонӣ аст.  Қиссаи нависандаи рус Зинаида Лоргонтсова  «У синеводной Оби» («Дар канори дарёи Оби нилгун»)  ва адибаи шуҳратманд  Гулсифат Шаҳидӣ «Город, где сбываются мечты» («Шаҳри ормонҳои сабз»),  «Японские сказки» («Афсонаҳои мардуми Ҷопон»)-ро аз русӣ ба тоҷикӣ( форсӣ) тарҷума кардааст.

Падари чаҳор нафар фарзанд: се писар ва як духтар мебошад.