Тоҷиддин Асомуддинзода

Асомуддинзода Тоҷиддин Исломиддин, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит 11-уми марти соли 1972 дар ноҳия Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Вай аз соли 1979 то 1989 маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш касб карда, ҳамон сол ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дохил мешавад. Соли 1994 онро бо ихтисоси муҳандис-механик ба анҷом мерасонад.

Баъди хатми Донишгоҳ як сол дар ин муассиса дар вазифаи муаллим-коромӯз (стажер) кор мекунад.

Соли 1995 тарки омӯзгорӣ карда, дар ноҳияи Данғара дар корхонаи фаръии “Адоалт” ба вазифаи муҳандис-механик ба кор медарояд. То соли 1998 дар ин вазифа кор кардааст.

Пас он барои таҳсил ба Эрон сафар мекунад. Аз соли 2001 то 2008 дар бахши фалсафа ва маорифи исломии Донишгоҳои байналмилалии Ҷомеат-ул-Мустафои шаҳри Қуми Эрон таҳсил мекунад.

Чанд моҳ дар Маркази таълимии “Садр”-и шаҳри Душанбе ба хонандагон аз забони арабӣ ва технологияи компютерӣ дарс додааст.

Соли 2008 фаъолияти кориашро дар Дастгоҳи иҷроияи Президент шурӯъ карда, дар вазифаи сармутахассиси бахши кор бо ташкилотҳои динии Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Дастгоҳ кор кардааст.

Аз соли 2010 то 2013 сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумат буд. Аз моҳи марти 2013 сармутахассиси шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи мазкур буд. Аз январи соли 2014 то 13-уми феврали 2015 дар вазифаи муовини раиси ин кумита кор кардааст.

Аз 13-уми феврали соли 2015 то кунун дар вазифаи Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон фаъоят дорад.

Донандаи хуби забонҳои русӣ, арабӣ ва англисӣ мебошад.

Copyright © 2015 TojNews