Толиббек Бухориев

Бухориев Толиббек Аҳмадович 3-юми сентябри соли 1954 дар деҳаи Ширговади ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар ноҳия хатм карда, соли 1973 ба факултаи агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуда, соли 1978 бо ихтисоси агроном донишгоҳро хатм кардааст.

Баъди хатми Донишгоҳ дар вазифаи лаборанти калони шуъбаи селексия ва тухмипарварии пахтаи Институти илмию таҳқиқотии зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва баъдан муаллими Техникуми политехникии шаҳри Душанбе буд.

Соли 1979 ба ҳайси ходими хурди илмии кафедраи хокшиносӣ ва агрокимиёи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон кор карда, соли 1980 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ин инситут дохил ва соли 1985 рисолаи номзади илмҳои кишоварзиро кард.

Солҳои 1983-1990 дар кафедраи растанипарварии институти мазкур ба ҳайси ассистент, омӯзгори калон ва солҳои 1990–1993 ба сифати дотсенти кафедраи мазкур фаъолият намудааст.

Толиббек Бухориев соли 1993 ба шуъбаи рӯзонаи докторантураи Академияи кишоварзии ба номи К.А.Тимирязеви шаҳри Москва дохил шуда, соли 1997 рисолаи доктори илмҳои кишоварзиро ҳимоя мекунад.

Солҳои 1997-2001 мудири кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон будааст.

Аз моҳи апрели соли 2001 то 22 феврали соли 2008 дар вазифаи директори генералии Иттиҳодияи илмии истеҳсолии “Зироаткор”-и Академияи илмҳои кишоварзӣ кор кардааст.

22-юми феврали соли 2008 ба вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таин шуд ва то 17-уми марти соли 2015 дар ин симмат кор кард.

Соли 2013 Ҳизби аграрии Тоҷикистон номзадии ӯро ба мақоми Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар дар интихобот ба тарафдории ӯ 4,5%-и интихобкунандагон овоз доданд.

1-уми марти соли 2015 аз Ҳизби аграрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

 Муаллифи зиёда аз 112 номгӯи мақолаву китоб ва 8 навъи зироати кишоварзӣ буда, дар соҳаи илми кишоварзӣ саҳми бо сазо гузошта шогирдони зиёдеро низ тарбият намудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Copyright @2015 TojNews