Юсуф Раҳмонов

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Юсуф Ахмедович Раҳмонов 22-юми марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, муфаттиш, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, муовини сардори раёсат – сардори шӯъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 2004 - 2010 муовини Прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010 – 2012 дар вазифаи Прокурори вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Солҳои 2012-2014 ҳамчун машваратчии калон - сардори шӯъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи декабри соли 2014 то январи 2015 дар вазифаи муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

24-уми январи соли 2015 бо Фармони Президент Прокурори генералии Тоҷикистон таъин гардид.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2015 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

(Маълумот аз сомонаи расмии Президент гирифта шудааст)

Copyright © 2015 TojNews