Баъди 9 сол: Бори нахуст нақлиёт бидуни мушкил нақби “Истиқлол”-ро убур мекунанд

Нақби “Истиқлол” баъди се моҳи таъмиру тармим ба истифода дода шуд. Хабарнигори TojNews яке аз аввалинҳо буд, ки баъди таъмиру таҷлил аз он гузашт.

Ҳоло дар нақб мисли қаблӣ танбашавии худравҳо, чуқуриҳои зиёди пуроб сади ҳаракати худравҳо намешаванд. Аммо ҳанӯз ҳам нақб пурра бо васоили рушноидиҳанда муҷаҳҳаз нашудааст.

Ронандаҳо аз таъмири нақб бо хушҳолӣ истиқбол карда мегӯянд, ки акнун нигоҳдории он муҳим аст. Як ронанда, ки худро Салим муаррифӣ кард, мегӯяд, аз соли 2006 инҷониб бори нахуст аст, ки бидуни мушкилӣ нақбро убур кардем. Ин ронанда пешниҳод дорад, ки “хуб мебуд, нигоҳдории нақбро ширкати IRS ба зимма гирад. Зеро онҳо барои тамоми ин роҳ аз мо маблағ меситонанд”.

Корҳои таъмиргарӣ дар нақб пурра ба итмом нарасидааст, ҳоло ҳам дар дохили он коргарон машғули кор буданд. Зеро дар баъзе аз ҷойҳои нақб ҳаракатро муваққатан яктараф манъ мекарданд.

Нақби “Истиқлол”-ро, ки соли 2006 бо ширкати Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти вақти Эрон ба истифода дода буданд, дар ҳолати хароб қарор дошт. Аз 23-юми июни соли равон барои тармиму бозсозӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт аз соати 6:00 то 22:00 манъ карда шуд. Дар ин соатҳо ронандагон аз роҳи ағбаи Анзоб истифода хоҳанд кард. Он вақт мегуфтанд, ки корҳои таъмиру тармим то охири моҳи сентябр идома меёбад.

Қаблан низ барои муддатҳои муайян баста мешуд, аммо баъди боз шудан он боз мушкилгузар буд.

Нақби мазкурро ширкати “Собир”-и Эронӣ сохтааст. Соли 2003 барои идомаи сохтмони нақб миёни Тоҷикистону Эрон ба маблағи 120 миллион сомонӣ шартнома ба имзо расида буд. Аз ин ҳисоб 64 миллион сомонӣ ба тариқи қарз ва 30 миллион бурс аз ҷониби Эрон ва боқимонда маблағ ҳамчун ҳиссаи Тоҷикистон таъмин гашт. Баъди се сол эълон шуд, ки нақб омода шуд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба кор оғоз кардани нақби мошингардро «орзуи ҳазорсолаи мардуми тоҷик» номид. Маҳмуди Аҳмадинажод иҷрои лоиҳаи мазкурро кӯмаки миллати Эрон ба мардуми тоҷик унвон кард.

Дар давоми 9 соли охир Шералӣ Ганҷалзода чорум вазири нақлиёт мебошад, ки қасди ба интиҳо расондани тармими нақбро дорад. Мушкилоти нақби “Истиқлол” Абдураҳим Ашӯровро аз вазифа барканор кард. Тавони Низом Ҳаким ва Хайрулло Асоев ба тармими нақб нарасид.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?