Журналист Санҷар Ҳошимӣ 15 октябри соли 1990 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷекат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №35 ба номи Бозор Шарифови ҳамин деҳа гирифта, пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил озими...
Нахустин клипи муштараки Садриддин Наҷмиддин бо Ғазал Иноят
Интишор шуд: 26 августа, 2015 - 11:45
Нахустин клипи муштараки Садриддин Наҷмиддин, овозхони тоҷик бо Ғазал Иноят, овозхони афғони муқими Аврупо ба интернет роҳ ёфт.
Дар ин клип Садриддин Наҷмиддин бо Ғазал Иноят шеъри Лоиқ Шералиро бо оҳанги Кароматулло Қурбон бозхонӣ кардаанд.
Суруди “Ҷони ман қурбони як хандидану нозиданат” қаблан аз ҷониби Кароматуллои Қурбон, сарояндаи номии тоҷик суруда шуда буд.
Саҳнаҳои клип дар Китобхонаи миллӣ, “Кохи Наврӯз” ва дигар мавзъеҳои зебои шаҳри Душанбе ба навор гирифта шуда, аз ҷониби ширкати продюсерии “Қиём интертеймент” таҳия шудааст.
Copyright © 2015 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?